RSF доир ба кушта шудани на камтар 80 журналист дар соли 2018 маълумот дод

Аз оғози соли 2018 то кунун дар ҷаҳон на камтар аз 80 рӯзноманигор дар робита ба фаъолияти касбиашон кушта шудаанд. Ин рӯйхатро рӯзи сешанбе созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи "Хабарнигорони бидуни марз" (RSF) нашр кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бештар аз нисфи кушташудаҳо ба панҷ кишвар – Афғонистон (15 кас), Сурия, (11 тан), […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Аз оғози соли 2018 то кунун дар ҷаҳон на камтар аз 80 рӯзноманигор дар робита ба фаъолияти касбиашон кушта шудаанд. Ин рӯйхатро рӯзи сешанбе созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи "Хабарнигорони бидуни марз" (RSF) нашр кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бештар аз нисфи кушташудаҳо ба панҷ кишвар – Афғонистон (15 кас), Сурия, (11 тан), Мексика (9 кас), Яман (8 кас) ва Ҳинд (6 кас) рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, Мексика ягона кишварест, ки хабарнигорон дар замони осоишта кушта шудаанд. Дар он кишвар низоъ нест, навиштаанд ҳомиёни ҳуқуқ. Дар маҷмуъ дар минтақаҳои хушунатзадаи ҷаҳон тайи 11 моҳи соли 2018 44 рӯзноманигор кушта шудааст.

Ба илова, дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон 348 хабарнигор дар боздошт ё ҳабс ҳастанд. Ба иттилои созмони байналхалқии Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон, соли севум аст, ки дар зиндонҳои давлатӣ 250 хабарнигор барои фаъолияти касбиашон адои ҷазо мекунанд. Аз ин шумор 33 танашон занонанд.

Маҷаллаи амрикоии "Time" дар соли 2018 гуруҳе аз рӯзноманигоронро "Одами сол" эълон кард. Онҳо барои фаъолияти ҷасуронаи хабарнигорӣ сазовори ин унвон шуданд.

Дар қатори он хабарнигорон Ҷамол Хошуқҷӣ – рӯзноманигори кушташудаи саудӣ, хабарнигорони дар Мянмар боздоштшудаи Reuters, идораи нашрияи The Сapital Gazette, ки ба он ҳамла сурат гирифт, Татяна Фелгенгаэур – муовини сармуҳаррири радиои "Эхо Москва", ки низ мавриди ҳамла қарор гирифт, шомили гуруҳи интихобкардаи маҷаллаи "Time" ҳастанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.