БОР барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон 10 млн. доллар ҷудо мекунад

Бонки осиёгии рушд (БОР) барои омӯзиши ҳолати пиряхҳо дар Тоҷикистон ба сифати грант 10 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад. Зимни суханронӣ дар палатаи поёнии парлумон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода дар ин робита изҳор намуд, ки дар доираи амалисозии созишномаи моҳи октябр баимзорасида «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ» байни ҳукумати Тоҷикистон ва БОР, илова […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) барои омӯзиши ҳолати пиряхҳо дар Тоҷикистон ба сифати грант 10 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Зимни суханронӣ дар палатаи поёнии парлумон вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода дар ин робита изҳор намуд, ки дар доираи амалисозии созишномаи моҳи октябр баимзорасида «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ» байни ҳукумати Тоҷикистон ва БОР, илова ба омӯзиши вазъи пиряхҳо ҷиҳати таҳкими имконоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон низ воситаҳо ҷудо мешаванд.

Ғайр аз ин, имрӯз вакилони мардумӣ аз Созишномаи грантӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ – маблағгузории иловагӣ» якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур дар маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанбе барои обуҳавошиносони тоҷик бинои истиқоматии 11-ошёна сохта шуда, ҷиҳати огаҳкунии аҳолӣ аз хатари обхезиҳо таҷҳизоту техника харидорӣ мешавад.

Барои амалисозии ин лоиҳа Бонкии осиёгии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 11,5 млн. доллар грант ҷудо мекунад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.