Маоши миёна дар Тоҷикистон то 138 доллар боло рафт

Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон моҳи октябр то 1 ҳазору 302 сомонӣ (138 доллар) боло рафт. Моҳи сентябри соли ҷорӣ пас аз афзудани маоши кормандони буҷет ҳаҷми миёнаи он дар кишвар 14% зиёд шуда, 1 ҳазору 265 сомонӣ (134 доллар)-ро ташкил дод. Дар муқоиса бо моҳи сентябр бошад, сатҳи маоши воқеӣ (бо назардошти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон моҳи октябр то 1 ҳазору 302 сомонӣ (138 доллар) боло рафт.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ пас аз афзудани маоши кормандони буҷет ҳаҷми миёнаи он дар кишвар 14% зиёд шуда, 1 ҳазору 265 сомонӣ (134 доллар)-ро ташкил дод.

Дар муқоиса бо моҳи сентябр бошад, сатҳи маоши воқеӣ (бо назардошти таваррум) 2,1% афзуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Маоши аз ҳама баландтарро дар Тоҷикистон кормандони бахши миёнаравии молиявӣ (бонкҳо) – 3 ҳазору 186 сомонӣ (338 доллар) мегиранд.

Дар идома кормандони саноати истихроҷу кӯҳкорӣ – 2 ҳазору 550 сомонӣ (270 доллар) ва сохтмон – 2 ҳазору 476 сомонӣ (263 доллар) қарор доранд.

Музди меҳнати миёнаи кормандони соҳаи электроэнергетика ва обтаъминкунӣ ба 1 ҳазору 546 сомонӣ (164 доллар) баробар шудааст.

Маоши миёнаи кормандони бахши кишоварзӣ ва шикор, ки 541 сомонӣ (57 доллар)-ро ташкил медиҳад, аз ҳама пасттар аст.

Бино ба маълумоти таҳқиқоти “Мактаби олии иқтисодӣ (Русия), соли гузашта маоши нисбатан пасттар байни кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон – 137 доллар ба қайд гирифта шудааст.

Музди меҳнати миёна дар Қазоқистон – 459,1 доллар, Беларус – 421,9, Озарбойҷон – 306,7, Молдова – 308,4, Украина – 272,9 ва Қирғизистон – 216,3 долларро ташкил додааст.

Музди меҳнати баландтарин байни кишварҳои ИДМ соли гузашта дар Русия (600 доллар) ба қайд гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.