Буҷети давлатии Тоҷикистон 175 млн. сомонӣ барзиёд иҷро шуд

Буҷети давлатии Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли равон бештар аз 175 млн. сомонӣ (наздики 20 млн. доллар) барзиёд иҷро шуд. Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2018 ҳудуди 19,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки 0,9% аз нақшаи тасҳеҳшуда бештар аст. Бино ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, тӯли 11 моҳи ҳамин сол маблағҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Буҷети давлатии Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли равон бештар аз 175 млн. сомонӣ (наздики 20 млн. доллар) барзиёд иҷро шуд.

Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2018 ҳудуди 19,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки 0,9% аз нақшаи тасҳеҳшуда бештар аст.

Бино ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, тӯли 11 моҳи ҳамин сол маблағҳои воридшуда аз андоз беш аз 13,1 млрд. сомониро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта ин миқдор маблағ муддати тамоми сол ҷамъоварӣ шуда буд.

Дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети давлатӣ ҳиссаи маблағҳои воридшуда аз ҷамъоварии андоз қариб ба 70% мерасад.

Аз ҷумла, дар муқоиса бо соли гузашта имсол ҳаҷми ҷамъоварии андоз аз даромад, андоз аз фоида, аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда афзудааст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ наздики 19,8 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18% зиёд шудааст.

Зиёда аз чоряки хароҷоти буҷет ба комплекси таъмини сӯзишворӣ ва энергетика ва ҳудуди 17% – ба соҳаи маориф рост меояд.

Ба соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 13% ва ба бахши тандурустӣ – 7%-и хароҷоти буҷет равона гардидааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.