Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон афсонаи солинавӣ барои кӯдакон “Снежная королева” (Маликаи барфӣ) намоиш дода мешавад. Оғоз соати 10:00. – Мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Баҳрайн бозии дӯстона мегузаронад. Вохӯрӣ дар Манама доир мегардад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон афсонаи солинавӣ барои кӯдакон “Снежная королева” (Маликаи барфӣ) намоиш дода мешавад. Оғоз соати 10:00.

– Мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Баҳрайн бозии дӯстона мегузаронад. Вохӯрӣ дар Манама доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4245 сомонӣ;

1 евро – 10.7468 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1397 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

1994 – Дар Ҷамъияти саҳҳомии «Бодом» (Конибодом, вилояти Суғд) нахустин велосипеди истеҳсоли Тоҷикистон истеҳсол шуд.

2001 – Ифтитоҳи сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон.

2002 – Вазорати адлияи ҶТ ба Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирӣ шаҳодатнома дод.

1915-2000 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ Назаршо Додхудоев. Солҳои гуногун ӯ ба ҳайси раиси Президиуми Шӯрои Олӣ, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

1915 – Мавлуди олими соҳаи байторӣ, арбоби давлатӣ, академики АУ ҶТ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Ғулом Алиев.

1924 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, Арбоби шоистаи Тоҷикистон, муассис ва нахустин директори Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак, профессор Саъдинисо Ҳакимова.

1925 – Мавлуди олими соҳаи тиб, муассис ва нахустин директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи улуми ҶТ, академик Ҳамид Мансуров.

1931-2011 – Зодрӯзи академик Ҳайдар Чумонқулов.

1933 – Мавлуди нависанда, муаллифи китобҳои «Каменный мост», «Под синим небом», «Эхо» Бобо Насриддинов.

1939 – Зодрӯзи собиқадори бахши маориф, корманди илмии Пажуҳишгоҳи педагогикаи ҶТ Азиз Ҳафизов.

1945 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ.

1946 – Зодрӯзи арбоби маъруфи давлатии Тоҷикистон Амиршо Миралиев.

1948 – Мавлуди ихтироъкор Абдуқаҳҳор Раҳимов.

1958 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатов.

1967 – Зодрӯзи ҳунарпеша-басаҳнагузоранда Ҷобиршо Хубоншоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф), туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +2+4; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -4+1.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф), баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона 0+5.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона -4+1; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона -4-9.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф), баъзан туман мефарояд.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона -1+4.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (шабона барф).

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борону барф меборад.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +1+3.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +6+8.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона 0-2.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.