Ним миллион доллари Ҷопон барои амалисозии панҷ лоиҳаи нав дар Тоҷикистон

Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими созишномаҳои муштараки панҷ лоиҳаи навинро дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расонд. Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Сафири Фавқуллода ва Комилҳуқуқи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷ-би Ҳаҷимэ КИТАОКА ва намояндагони мақомотҳои пазирандаи кумакҳо ба тасвиб расиданд. Маблағи умумии грантҳо 441,814 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба […]

Иттилоияи расмӣ

Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими созишномаҳои муштараки панҷ лоиҳаи навинро дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расонд. Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Сафири Фавқуллода ва Комилҳуқуқи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷ-би Ҳаҷимэ КИТАОКА ва намояндагони мақомотҳои пазирандаи кумакҳо ба тасвиб расиданд. Маблағи умумии грантҳо 441,814 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) панҷ лоиҳаи зайл маблағгузорӣ мешаванд:

– “Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҷомӣ” бо  ҷ-би Абдуҷаббор БАҲОДУРЗОДА, раиси ноҳияи Ҷомӣ- бо маблағи 91,870 доллари ИМА тасвиб гардид;

– “Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби №60 дар ҷамоати “Ҷавонон”-и ноҳияи Файзобод” бо ҷ-би Миралӣ РАҶАБЗОДА, раиси ноҳияи Файзобод бо маблағи 89,282 доллари ИМА тасвиб гардид;

– “Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби №7 дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати Оби Гарми шаҳри Роғун” бо ҷ-би Билол ИБРОҲИМ, раиси шаҳри Роғун бо маблағи 89,249 доллари ИМА тасвиб гардид;

– “Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои Маркази тиббии шаҳри Душанбе” бо ҷ-би Хуршед РУСТАМЗОДА, директори Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Ахмедов Карим ба маблағи 89,222 доллари ИМА тасвиб гардид.

– “Лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби №79 дар деҳаи “Сариҷуй”-и ҷамоати “Иззатулло Ҳалимов”-и ноҳияи Нуробод” бо ҷ-би Ҳасан ДУСТЗОДА, раиси ноҳияи Нуробод бо маблағи 82,191 доллари ИМА тасвиб гардид.

Зимни суханронӣ дар маросими фавкузикр, ҷ-би КИТАОКА қайд намуд , ки лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Ҷопон дар самтхои мухталифи саросари кишвар амалӣ гашта, махсус барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд ва инчунин, дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Мақомотҳои пазирандаи грантҳо низ бо истифода аз фурсати муносиб бартарии чунин лоиҳаҳоро тавзеҳ дода, изҳори сипос ба Ҳукумат ва мардуми Ҷопон намуданд ва ваъда доданд, ки ба ҳамаи ҳадафҳои тасдиқшудаи лоиҳаҳо мерасанд.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ “GGP” тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 394 лоиҳаро ба маблағи умумии $31.9 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.