Шикоят ба Путин аз болои роҳбари Палатаи кадастри Русия Тухтасунов

Сарусадоҳо дар мавриди таъини Парвиз Турсунов ба яке аз вазифаҳои баланди давлатӣ дар Русия хотима наёфта, чанде қабл дар Шабака нома ба унвони қабулгоҳи президенти Русия дар ин робита нашр шуд. Рӯзноманигорон бар ин назаранд, ки муаллифони он кормандони Палатаи федералии касдастрӣ ва Росреестр мебошанд, хабар медиҳад «Новые известия». Парвиз Тухтасунов моҳи ноябри соли равон […]

Asia-Plus

Сарусадоҳо дар мавриди таъини Парвиз Турсунов ба яке аз вазифаҳои баланди давлатӣ дар Русия хотима наёфта, чанде қабл дар Шабака нома ба унвони қабулгоҳи президенти Русия дар ин робита нашр шуд. Рӯзноманигорон бар ин назаранд, ки муаллифони он кормандони Палатаи федералии касдастрӣ ва Росреестр мебошанд, хабар медиҳад «Новые известия».

Парвиз Тухтасунов моҳи ноябри соли равон роҳбари нави Палатаи кадастрии Росреестр таъин шуда, қариб дарҳол баъди ин таъинот сарусадоҳо рӯйи кор омаданд: дар блогҳо ва баъдан дар ВАО роҳбари навро “тоҷики номаълум”, “собиқ 8 сол бекор”, “корманди миёнаи тиббӣ” ва ҳатто “масҳгар” (массажист) номиданд.

“Муаллифони нома ба президент хабар медиҳанд, ки тайи 2 соли охир баъди роҳбарии Росреестро ба уҳда гирифтани Виктория Абрамченко, тез-тез ивазшавии кадрҳо сурат гирифта, вазъ носолим шуд”, – иқтибос овардааст нашрия аз нома.

“Илова бар ин, корманди дарвоқеъ ҳирфаӣ, роҳбари Палата Литвинсев К.А. аз мансаб барканор шуда, ба ҷойи ӯ доя аз рӯи маълумот, масҳгар аз лиҳози истеъдод ва собиқ бекори чандинсола (8 сол то вохӯрӣ бо Абрамченко Тухтасунов бекор буд) таъин шуд, ки дар натиҷа кори низоми Рӯйхати ягонаи давлатии амволи ғайриманқул хеле зиёд осеб дида, ба зиёни чандинмиллиона боис гардид, лекин инро ба кормандон ҳамчун “ҳамлаи хакерӣ” шарҳ доданд”, – навиштаанд муаллифони мактуб.

Бо муроҷиат ба президент муаллифони нома пурсидаанд: “Владимир Владимирович, мо намефаҳмем, магар чунин кор имконпазир аст?”.

Онҳо мутмаинанд, ки таъини Тухтасунов ба ин мансаб ба сохти давлати  Русия хатар дорад, зеро ӯ ба маълумот оид ба ҳама иншшот (аз ҷумла пӯшида, ҳарбӣ ва ғайра) дастрасӣ дорад.

Масъалаи таъиноти Парвиз Тухтасунов ба мансаби директори Палатаи федералии кадастрии Росреестр як моҳ пеш сарусадоҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоии русиягӣ ба бор овард. Ба навиштаи ВАО, барои аксари мутахассисон ва иштирокчиёни бозор ин таъинот хеле ногаҳонӣ буд, зеро ба гфтаи онҳо, дар доираҳои касбӣ Тухатсунов шахси номаълум ва ӯро қариб намешиносанд

Баъдан Парвиз Тухтасунов худаш бевосита дар бораи аслан кӣ буданаш маълумот дода, дар мавриди нақшаҳои ояндааш изҳори назар кард.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.