Аввалин манзили дастрас дар Душанбе моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи амалисозии лоиҳаи “Сохтмони манзили дастрас” дар Душанбе нахустин бинои истиқоматӣ бо манзилҳои нархашон нисбатан арзон моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе дар ин робита хабар дод, сохтмони боқимонда ҳафт бинои истиқоматии дигари лоиҳа то охири соли оянда ба итмом мерасанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар фаъолияти КВД “Сохтмони манзили дастрас” норасоиву камбудиҳо ба қайд гирифта шуда, прокуратураи пойтахт ба санҷиши онҳо машғул шуд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ он замон дастур дода буд, ки дар мавриди барқарор намудани зиёни расида ба буҷети шаҳр аз фаъолияти ин корхона тадбирҳо андешида шаванд.

“Таҳлили муқоисавии фаъолияти КВД “Сохтмони манзили дастрас” нишон дод, ки раҳбарияти корхона аз шаҳрвандон маблағ гирифта, лекин қисмате аз он ба суратҳисоби корхона гузаронида намешуд, – хабар дода буд он вақт хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ. – Вобаста ба ин ҷиҳати баргузор намудани санҷиш ва андешидани тадбирҳо барои барқарор кардани зиён, ба прокуратураи пойтахт маводи дахлдор пешниҳод шуд”.

Ҳамон вақт роҳбари КВД Нурулло Наимов аз мансаб барканор шуда, Парвиз Абдураҳимзода роҳбари нави КВД “Сохтмони манзили дастрас таъин шуд.

Бино ба маълумоти дарёфтии “Азия-Плюс” аз прокуратураи Душанбе, имрӯз собиқ роҳбари КВД “Сохтмони манзили дастрас Нурулло Наимов ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шудааст.

Дар лоиҳаи «Сохтмони манзили дастрас» дар Душанбе таъмини як доираи муайяни сокинони пойтахт, аз ҷумла зиёиён бо хонаҳо дар биноҳои серошёна бо нархҳои нисбатан арзон пешбинӣ мешавад.

Амалисозии лоиҳаи зикршуда бо дастгирии мақомоти шаҳрдорӣ ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида, тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2015 бояд манзилҳои аввал ба истифода дода мешуданд, лекин то имрӯз сохтмони хонаҳо ба итмом нарасидааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...