Ӯзбекистон шартномаи шарикии стратегиро бо Тоҷикистон тасдиқ кард

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Қонун “Дар бораи тасдиқи шартномаи шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон”-ро ба имзо расонид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар медиҳад. Шартномаи мазкур санаи 17 августи соли равон зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд имзо шуда буд. Он замон дар ҷараёни гуфтушунидҳо сарони кишварҳо 27 санади […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Қонун “Дар бораи тасдиқи шартномаи шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон”-ро ба имзо расонид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Шартномаи мазкур санаи 17 августи соли равон зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд имзо шуда буд.

Он замон дар ҷараёни гуфтушунидҳо сарони кишварҳо 27 санади ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои гуногуни сиёсату иқтисод, саноат, маориф, фарҳангу илм ва ғайра ба имзо расониданд.

Қаблан, 30 ноябри соли 2018 шартнома аз ҷониби Палатаи қонунгузор (поёнӣ)-и Олий Маҷлис (парлумон)-и Ӯзбекистон маъқул шуморида шуда, 13 декабр дар Сенат (палатаи болоӣ) тасдиқ шуд.

“Қабули лоиҳаи қонуни мазкур сиёсати хориҷии Ӯзбекистонро, ки ба таҳкими муносибатҳои неки дӯстӣ ва ҳамсоягӣ равона гардидааст, таҷассум намуда, баҳри ба сатҳи сифатан нав баромадани муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат мекунад”, – изҳор дошт дар ҷаласа раиси Кумитаи Сенат оид ба масоили муносибатҳои байнулмилалӣ, робитаҳои хориҷии иқтисодӣ, сармояугзории хориҷӣ ва сайёҳӣ Алишер Курманов.

Мувофиқи шартнома ҷонибҳо муносибатҳои шарикии стратегиро бар асоси усулҳои баробариву мутақобилан судманд ва эътимод ба ҳамдигар ба роҳ монда, минбаъд онро ҳамаҷониба таҳким мебахшанд.

Қобили зикр аст, ки парлумони Тоҷикистон шартномаи шарикии стратегиро бо Ӯзбекистон охири моҳи ноябр тасдиқ намуда буд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.