Сохтмони дафтари кории ҲХДТ дар шимоли ҷумҳурӣ бо усули ҳашар

Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бинои нави маъмурӣ аз ду ошёна, таҳхона, ҳуҷраҳои корӣ, утоқҳои ёрирасон ва маҷлисгоҳ иборат буда, бо […]

Asia-Plus

Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бинои нави маъмурӣ аз ду ошёна, таҳхона, ҳуҷраҳои корӣ, утоқҳои ёрирасон ва маҷлисгоҳ иборат буда, бо саҳмгузории аъзои ҳизб ба тариқи ҳашар бунёд гардидааст.

Гуфта мешавад, бо мавриди истифода қарор гирифтани бино шароити кории 13 нафар кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтар шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор ҷавонон, ки ба аъзогии ҲХДТ пазируфта шудаанд, шаҳодатномаҳо супорида шуд.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар 16 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дафтарҳои корӣ дошта, дар чанде аз ноҳияҳо барои роҳандози фаъолияти прусамар биноҳоро ба иҷора гирифтааст.

Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар Душанбе то нимаи соли гузашта дар бинои маҷмааи “Кохи Ваҳдат” ҷойгир буд. Дар робита ба оғози корҳои таъмиру навсозии ин маҷмаа, КИМ ҲХДТ дар мавзеи назди кинотеатри “Ватан” бино ба иҷора гирифт.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.