Тоҷикистон барои дастгирии рушди инсонӣ 9,36 млн. Евро мегирад

Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар мавриди пардохти 9,36 миллион евро ҳамчун қисми транши дуюми “Барномаи дастгирии рушди инсонӣ II” дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.     Адолат, самаранокӣ, ва сифати беҳтари тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ принсипҳои бунёдии ҳамин дастгирии буҷет маҳсуб меёбанд. Мақсади “Барномаи дастгирии рушди инсонӣ” мусоидат дар ноил гаштани ҳадафҳои асосии сиёсат дар бахши […]

Иттилоияи расмӣ

Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар мавриди пардохти 9,36 миллион евро ҳамчун қисми транши дуюми “Барномаи дастгирии рушди инсонӣ II” дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.    

Адолат, самаранокӣ, ва сифати беҳтари тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ принсипҳои бунёдии ҳамин дастгирии буҷет маҳсуб меёбанд. Мақсади “Барномаи дастгирии рушди инсонӣ” мусоидат дар ноил гаштани ҳадафҳои асосии сиёсат дар бахши тандурустӣ ва дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ мебошад, ки ин дар навбати худ имконияти дастгирии боз ҳам самарабахшро ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ фароҳам меоварад.   

Дар доираи бахши тандурустӣ ҳадафи Барнома таҳкими таъмини саривақтӣ ва бо нархҳои дастрас маводи дорувории босифат ба муассисаҳои  кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ  ва беморхонаҳои ноҳиявӣ мебошад.

Дар доираи бахши ҳифзи иҷтимоӣ, Барнома ба Тоҷикистон дар иҷроиши талаботҳои техникӣ, ки барои татбиқи ислоҳоти низоми нафақа ва таъмини фарогирии умумимиллӣ ба ҳама гурӯҳҳои марбут зарур мебошанд, кӯмак мерасонад.

Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 “Барномаи дуюми Дастгирии рушди инсониро” ба ҳайси барнома ҷиҳати дастгирии татбиқи ислоҳот дар бахшҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон имзо намуданд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.