Эълони 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2018

Иттилоияи расмӣ

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 10 варзишгари беҳтарини солро муайян кард.

Ба иттилои Нарзулло Латипов, раиси АЖРВТ, бар асоси назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳо инҳо дохил шуданд: 

Дилшод НАЗАРОВ  (варзиши сабук, гурзандозӣ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ғолиби Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup); 

Шаҳриёр ДАМИНОВ (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, чемпиони дукаратаи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола;

Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА (кураш ва самбо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба кураш ва медали биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба самбо;

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (дзюдо ва самбо) –  барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба дзюдо ва самбо, ғолиби Гран-прии дзюдо дар Анталия;

Шакармамад МИРМАМАДОВ (дзюдо)  – барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ;

Хушқадам ХУСРАВОВ  (самбо) – қаҳрамони ҷаҳон;

Сорбон ЛАТИФОВ (самбои размӣ) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон;

Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё;

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (дзюдо) – ғолиби Ҷоми Осиё, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон;

Идимоҳ ХОЛОВА (бокс) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё миёни ҷавонон.

Ба гуфтаи Нарзулло Латипов, мутаассифона, се соли охир дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба намудҳои олимпии варзиш касе аз Тоҷикистон медал нагирифтааст.

“Зимнан, аз соли 1995, баъди пирӯзии Андрей Абдувалиев дар чемпионати ҷаҳон оид ба гурзандозӣ, то ҳоло ягон нафари дигар аз Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон дар намудҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст”, – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки инчунин ин дафъа дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия ба варзишгарони тоҷик гирифтани медали тилло муяссар нашуд.

“Ҳамчунин дар мавсими соли 2018 варзишгарони тоҷик дар чемпионатҳои Осиё дар намудҳои олимпӣ миёни калонсолон натавонистанд медалҳои тилло ва нуқра бигиранд”, – илова намуд Нарзулло Латипов.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...