Маҳкумияти 3 нафар дар Тоҷикистон барои куштори 20 сол пеш

Се нафар сокинони ноҳияи Рашт барои 20 сол пеш қатл кардани ҳамдиёрашон ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд. Сокинони ноҳияи Рашт Мадад Ятимов, Иброҳим Қаҳҳоров ва Саидмурод Абдураҳмоновро Суди олии Тоҷикистон барои даст доштан дар куштор, ки нимаи моҳи сентябри соли 1998 содир шуда буд, маҳкум намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, […]

Asia-Plus

Се нафар сокинони ноҳияи Рашт барои 20 сол пеш қатл кардани ҳамдиёрашон ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд.

Сокинони ноҳияи Рашт Мадад Ятимов, Иброҳим Қаҳҳоров ва Саидмурод Абдураҳмоновро Суди олии Тоҷикистон барои даст доштан дар куштор, ки нимаи моҳи сентябри соли 1998 содир шуда буд, маҳкум намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, онҳо ба манзили сокини деҳаи Ялдамич Акбар Маҳмадов ворид шуда, бо истифода аз автомати Калашников ӯро парронида буданд.

Бо қарори ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон Мадад Ятимов ба 22 сол, Иброҳим Қаҳҳоров ва Саидмурод Абдураҳмонов ҳар кадоме ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд.

Гуфта мешавад, маҳкумшудагон муҳлати ҷазои таъиншударо дар зиндони низомаш шадид адо мекунанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.