Зинаи 124-уми Тоҷикистон дар рейтинги пешбурди тиҷорати Forbes

Дар рейтинги беҳтарин кишварҳо барои пешбурди тиҷорати маҷаллаи амрикоии Forbes (Best Countries for Business) миёни 161 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 124-ум қарор гирифт. Зинаи аввалро дар рейтинги мазкур ду сол пайдарпай Британияи Кабир ишғол мекунад. Дар зинаҳои аввали баъдӣ Шветсия, Гонконг, Нидерланд, Зеландияи Нав, Канада, Дания, Сингапур, Австралия ва Швейтсария ҷой гирифтаанд. Миёни […]

Дар рейтинги беҳтарин кишварҳо барои пешбурди тиҷорати маҷаллаи амрикоии Forbes (Best Countries for Business) миёни 161 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 124-ум қарор гирифт.

Зинаи аввалро дар рейтинги мазкур ду сол пайдарпай Британияи Кабир ишғол мекунад. Дар зинаҳои аввали баъдӣ Шветсия, Гонконг, Нидерланд, Зеландияи Нав, Канада, Дания, Сингапур, Австралия ва Швейтсария ҷой гирифтаанд.

Миёни кишварҳои ИДМ Гурҷистон дар мақоми 44-ум, Россия – 55, Қазоқистон – 65, Озарбойҷон – 70, Арманистон – 87, Беларус – 88, Ӯзбекистон – 105, , Қирғизистон – 108 ва  Тоҷикистон дар зинаи 124-ум қарор доранд.

Дар рейтинги Forbes 161 кишвар аз рӯи 15 нишондиҳанда, аз қабили ҳуқуқ ба моликият, сатҳи ҷорисозии инноватсияҳо, сатҳи андозбандӣ, технология, мизони коррупсия, озодӣ (шахсӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ), расмиётчигӣ (бюрократизм), таъмини ҳимояи сармоягузорон ва ғайра баҳогузорӣ мешаванд.

Зимни баҳогузорӣ аз ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ, ширкатҳои Aon ва Marsh & McLennan, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, СММ ва дигар созмону ташкилотҳо истифода мешавад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.