Қадрдонии мусиқишиноси тоҷик бо унвони профессори консерваторияи Ӯзбекистон

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ

Дар доираи робитаҳои байналмилалии эҷодию илмии байни Тоҷикистону Ўзбекистон, бо даъвати Вазорати маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии эҷодии мусиқишиноси маъруфи тоҷик, аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ дар мавзӯи «Шашмақом чун рамзи пайвандии фарҳанги тоҷику ӯзбек» бо ҳайати устодону донишҷӯёни Консерваторияи миллиии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, барои саҳмгузорӣ дар пешбурди илми санъатшиносӣ ва таҳқиқи мукаммали ҷанбаҳои таърихӣ-назариявӣ ва эстетикии мусиқии анъанавию касбӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои байналмилалии илмӣ бо қарори Шўрои олимони Консерваторияи миллии Ўзбекистон олими тоҷик Аслиддин Низомӣ бо унвони олии «Профессори фахрии Консерваторияи миллии Ӯзбекистон» сарфароз гардид.

Қобили зикри хос аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон илми санъатшиносии тоҷик дар сохтори самтҳои афзалиятноки илмҳои мамлакат мавқеи хоса дошта, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст ва бори аввал чунин арҷгузории илми мусиқии тоҷик ва олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ сурат мегирад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: « Дар шароити имрӯза, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст, олимони кишварро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобати илми ватанӣ корҳои таҳқиқотиву технологиро вусъат бахшанд».

Дар ин замина, масъалаҳои ҳифз ва рушди санъати миллӣ, дастгирии шаклҳои гуногуни мусиқии касбӣ аз ҷумла, эҷодиёти композиторону мусиқишиносон зери таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Айни замон, мусиқишиносони тоҷик корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотиро баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии фарҳанг ва санъат мавриди таҳқиқ қарор дода, вобаста ба масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методологии тахқиқоти илмӣ дар равияи санъатшиносии миллӣ пажўҳишҳои муфид анҷом дода истодаанд.

Дар баробари рушди фарҳанги миллӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ба фазои умумиҷаҳонии тамаддун, айни замон тарғиби санъати мусиқии касбии тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мақоми аввалиндараҷа пайдо мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...