Пеш аз Соли нав қисмате аз шаҳри Душанбе бе об мемонад

Ба қисмате аз шаҳри Душанбе аз соати 22:00-и рӯзи 25 декабр то соати 24:00-и рӯзи 26 декабр интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад. Тавре аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе дар ин робита хабар доданд, қарор дар ин бора бинобар сабаби баргузор намудани корҳои таъмир дар хатҳои интиқоли оби пойтахт қабул шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, дар […]

Asia-Plus

Ба қисмате аз шаҳри Душанбе аз соати 22:00-и рӯзи 25 декабр то соати 24:00-и рӯзи 26 декабр интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Тавре аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе дар ин робита хабар доданд, қарор дар ин бора бинобар сабаби баргузор намудани корҳои таъмир дар хатҳои интиқоли оби пойтахт қабул шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар вақти дар боло зикршуда интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои 81 ва 82-юм, кӯчаи Шараф, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) муваққатан қатъ мегардад.

Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба раҳбарияти ноҳияи Сино дастур додааст, ки дар муддати қатъи интиқоли об аҳолии кӯчаву маҳаллаҳои зикршуда тариқи мошинҳои обкашӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда шаванд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.