Роҳандозии фаъолияти ҳуҷраҳои кумак ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар саросари кишвар

Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ташаббускори ифтитоҳи ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар саросари кишвар шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, ҳуҷраҳо дар шуъбаҳои таваллудхонаи беморхонаҳои марказии шаҳру навоҳӣ ба фаъолият  мепардозанд.

Ин иқдом дар доираи амалисозии меъёрҳои қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ  дар  оила  дар Тоҷикистон барои солҳои  2014-2023 сурат мегирад.

Гуфта мешавад, то охири моҳи ноябр дар назди шуъбаҳои таваллуди Беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритӯс ва Фархор ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ташкил шудааст.

Инчунин дар назди Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе  “Ҳуҷраҳои тиббию иҷтимоии офиятии занони аз зӯроварӣ дар оила ранҷкашида” таъсис дода шуда, бо кӯмаки техникии Филиали GОPА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон/Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз ва  ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар ин ҳуҷраҳо кормандони ҳайати тиббии бемористонҳо кор мекунанд, ки дар масъалаи чӣ гуна расонидани кумак ба чабрдидагон аз зӯроварӣ дар оила бо давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд.

Айни замон дар Тоҷикистон ҳамчунин телефони боварии 1313 ва маркази захиравӣ оид ба пешгирии хушунат дар оила низ амал мекунад. Ин лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст.

Дар маркази захиравӣ барои мусоидат ба ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти муфассал да бораи ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила пойгоҳи маълумот ташкил мешавад. Барои сарвиақт ҷамъоварии маълумоти дақиқи оморӣ ва коркарди он замимаи электронӣ таҳия шудааст. Муроҷиатҳои телефонӣ низ дар пойгоҳ қайд мешаванд.

Моҳи октябри соли равон созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки барои зӯроварӣ дар оила ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ кунад.

Маҳз зӯроварӣ дар оила аз ҷониби шавҳар ва наздиконӣ ӯ яке аз сабаҳои даст ба худкушӣ задани занон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бино ба маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, 497 нафар занону духтарон соли 2017 дар Тоҷикистон даст ба худкушӣ заданд. Соли 2016 ин нишондиҳанда 596 нафарро ташкил медод.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.