Барои омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Токио 120 ҳазор доллар ҷудо мешавад

Бо қарори Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ)  барои омодагирии 15 нафар варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио 120 ҳазор доллар маблағ ҷудо мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти КМО Тоҷикистон, аз моҳи январи соли 2019 то августи соли 2020 варзишгарони тоҷик ҳар моҳ аз Кумитаи олимпӣ маблағи муайни стипендия […]

Бо қарори Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ)  барои омодагирии 15 нафар варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио 120 ҳазор доллар маблағ ҷудо мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КМО Тоҷикистон, аз моҳи январи соли 2019 то августи соли 2020 варзишгарони тоҷик ҳар моҳ аз Кумитаи олимпӣ маблағи муайни стипендия дарёфт мекунанд, аз ҷумла Дилшод Назаров (варзиши сабук, $950), Шаҳриёр Даминов (қайиқронӣ, $800), Комроншоҳ Устопириён (дзюдо, $700), Беҳрӯз Хоҷазода (дзюдо, $600), Темур Раҳимов (дзюдо, $500), Сомон Маҳмадбеков (дзюдо, $300), Шоҳида Қаландарова (дзюдо, $300).

Ҳамчунин варзишгарон Моҳрӯ Ҳалимова (таеквондо, $300), Шаббос Неъматуллоев (бокс, $350), Карина Климик (шиноварӣ, $200),  Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук, $200), Саидҷон Гулов (гуштии тарзи озод, $200), Манижа Мадкаримова (таеквондо, $200), Суҳроб Абдулхаев (гуштии юнонӣ-румӣ) ва Шоира Зулқайнарова (бокс, $200) низ аз стипендияҳои Кумитаи миллии олимпӣ баҳравар хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, маблағи Барномаи дастагирии молиявии варзишгарон барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 – 216 ҳазор долларо дар бар мегирад ва дар давраи аз сентябри соли 2017 то декабри 2018 барои 15 варзишгар 96 ҳазор доллар хароҷот шудааст. Маблағи давраи 2019-2020 барои 15 варзишгар 120 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.