Тадбирҳои техникии истифодаи бехатари газ дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Агентии “Тоҷикстандарт” лоиҳаи регламенти техникӣ «Бехатарии гази табии сӯзишвории омодакардашуда барои интиқол ва истифодабарӣ»-ро таҳия намуд.

“Лоиҳаи мазкур бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, амвол, муҳити зист, ҳаёту саломатии ҳайвонот ва наботот, огоҳсозии амалҳое, ки истеъмолкунандагонро (истифода-барандагонро) ба иштибоҳ мебаранд, таҳия гардидааст”, – қайд мешавад дар маълумоти Агентӣ дар ин робита.

Ба иттилои манбаъ, дар регламенти мазкур талаботҳо нисбати гази табии сӯзишворӣ (ГТС), гази табиии сӯзишвории фишурдашуда (компримированный), гази табиии сӯзишвории таъиноти саноатӣ ва коммуналӣ-маишӣ ва гази табиии сӯзишвории моеъ (ГТСМ) муқаррар гардида, таъмини бехатарии техникии  таҷҳизотҳои асосӣ ва ёрирасон ва пешгирии бехатарӣ аз сӯхтор ба инобат гирифта шудаанд. Инчунин дар лоиҳаи регламенти мазкур  талабот нисбати Шабакаҳои компрессории газпуркунии автомобилї (ШКГПА) муқаррар гардидаанд.

Гуфта мешавад, ҳамазамон, дар лоиҳаи регламенти техникии мазкур баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот, назорати давлатии он муқаррар гардида, ба талаботҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии техникии байналмилалӣ ва минтақавӣ мухолифат намекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол лоиҳаи регламенти техникӣ дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад. Тарафҳои манфиатдор метавонанд пешниҳодоти худро нисбати лоиҳа ба унвонии Агентии Тоҷикстандарт ирсол намоянд.

Гази арзони Ӯзбекистон

Ин регламент баъди барқарор шудани иниқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон таҳия мешавад. Ҳар моҳ аз ин ҳамсоякишвар то 2 млн. метри мукааб газ ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Нархи 1 ҳазор метри мукааби он барои Тоҷикистон 100 долларро ташкил медиҳад, ки қариб се баробар аз нархҳои ҷаҳонӣ поинтар аст.

Истеъмолгари асосии гази Ӯзбекистон айни замон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) мебошад, ки 80% аз ҳаҷми умумӣ ба он рост меояд. Боз 11 корхонаи начандон бузурги ҷумҳурӣ низ аз ин гази табиӣ истифода мекунанд.

Дар корхонаи “Тоҷиктрансгаз” чандин маротиба зикр карданд, ки бо назардошти сатҳи омодагӣ ба қабули газ, яъне омодагии зербинои зарурӣ, он ба дигар корхонаҳои хоҳишманд низ интиқол дода мешавад.

Ҳамчунин масъалаи таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ низ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дошта, лекин баъзе мушкилот, аз ҷумла омодагии зербино ҷой дорад, ки вақти муайяни ҳалли худро металабад.

Захираҳои азхуднашудаи дохилӣ

Истихроҷи гази табиӣ дар худи Тоҷикистон айни замон дар ҳаҷми начандон зиёд (каме бештар аз 3 млн. метри мукааб дар як моҳ) дар ҷануби кишвар амалӣ мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар ҷумҳурӣ то 500 млн. метри мукааб гази табиӣ истихроҷ мешуд.

Бархе аз мутаҳассисони соҳа бар ин назаранд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги газ – 6-7 триллион метри мукааб мебошад.

Собиқ директори генералии “Тоҷикнефт” (солҳои 1981-1988) Набӣ Маликов чунин мешуморад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин захираҳо, минбаъд Тоҷикистон натанҳо талаботи дохилиро пурра қонеъ мекунад, балки ҳамасола дар ҳаҷми 50-60 млрд. метри мукааб онро ба Чин ва Покистон интиқол дода, 5-6 млрд. доллар даромад ба даст оварда метавонад.

Бино ба гуфтаи ӯ, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯаравӣ, соҳаи нафту гази кишвар бесоҳиб монда, воситаҳои он ба маблағи садҳо миллион доллар дуздидаву вайрон шуданд.

Маликов зикр кард, ки дар Тоҷикистон 250 майдонҳои ояндадори нафту газ мавҷуданд, ки 150-тоашон дар ҷануби кишвар ҷойгиранд. Ӯ таъкид дошт, ки имрӯз ин майдонҳоро сармоягузорон ишғол намуда, лекин барои азхудкунии захираҳои онҳо воситаҳо ҷудо намекунанд.

Маликов чунин пешниҳод дорад, ки иҷозатномаҳои ин ширкатҳо бозхонд шуда, мебояд ҳуқуқи истифодаи майдонҳоро ба сармоягузороне дод, ки дар коркарди захираҳо манфиатдоранд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...