Барзу Абдураззоқов ба Тоҷикистон баргашт

Барзу Абдураззоқов, режиссёри шинохтаи тоҷик пас аз се соли фаъолият дар театри Байтен Омаров “Жас Сахна” ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ дар ин театр ҳамчун роҳбари бадеӣ фаъолият дошт. Дар бораи ба Тоҷикистон омаданаш ин ҳунарманди шинохта дар саҳифаи фейсбуки худ хабар дода , аз ҷумла навишт: “Акнун дӯстон ва ҳамкорони ман бо роҳи худ ҳастанд. […]

Барзу Абдураззоқов, режиссёри шинохтаи тоҷик пас аз се соли фаъолият дар театри Байтен Омаров “Жас Сахна” ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ дар ин театр ҳамчун роҳбари бадеӣ фаъолият дошт.

Дар бораи ба Тоҷикистон омаданаш ин ҳунарманди шинохта дар саҳифаи фейсбуки худ хабар дода , аз ҷумла навишт: “Акнун дӯстон ва ҳамкорони ман бо роҳи худ ҳастанд. Роҳи душвор ва хатарнок, зеро муваффақияти ба даст омадаро бояд ҳифз намоянд ва рушд диҳанд. Онҳо бояд мисли парранда болҳои худро кушода, ҷасорат пайдо кунанд ва худро ба варта андозанд, боқӣ ҳар чӣ дар тақдир аст. Ман бояд ба роҳи худ идома диҳам… Роҳи ман дигар аст…”

Ҳоло Барзу Абдураззоқов дар Душанбе аст, аммо дар як суҳбати кӯтоҳ бо мо гуфт, ки пас аз 10 рӯз ба пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона меравад ва он ҷо фаъолияташро идома медиҳад.

“Ин кори дигар ва дар театри дигар аст. Аммо ман танҳо дар Қазоқистон кор намекунам, бо театрҳои дигар давлатҳо низ ҳамкориро идома медиҳам”,-гуфт Барзу Абдураззоқов.

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов соли 1959 дар Душанбе ба дунё омадааст. Падари ӯ коргардони маъруфи театр Ҳабибулло Абдураззоқов ва модараш ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Фотима Ғуломова мебошанд. Соли 1980 риштаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва соли 1987 Донишкадаи театрии ба номи Луначарский дар шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Дар соли 2009 намоишномаи "Девонагӣ. Соли 93", ки Барзу Абдураззоқов дар театри русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба саҳна гузошт, аз ҷониби вазорати фарҳанг манъ карда шуд. Баъди он дар Тоҷикистон ба ин коргардон имкони кор надоданд ва ӯ дар соли 2013 ба Бишкек рафт ва ду сол пайиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.