Натиҷагирӣ аз озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018”

Рӯзҳои 27-29 декабри соли гузашта озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” баргузор гардид, ки дар он 5 нафар: Куканбекова Мунира – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хоруғ, Ҳукумов Бахтовар – омӯзгори фанни математикаи литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, Ҳайдаров Муродҷон – омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи […]

Рӯзҳои 27-29 декабри соли гузашта озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” баргузор гардид, ки дар он 5 нафар: Куканбекова Мунира – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хоруғ, Ҳукумов Бахтовар – омӯзгори фанни математикаи литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, Ҳайдаров Муродҷон – омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шоева Дилбар – омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ва Сафаров Ҷонибек – омӯзгори фанни технологияи иттилооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Варзоб иштирок намуда, аз рӯйи 7 шарт ҳунару маҳорати худро санҷиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, маросими ҷамъбастии озмун дар маҷлисгоҳи Вазорат бо иштироки Раҳматулло Мирбобоев – муовини якуми вазири маориф ва илм, Латофат Назирӣ – муовини вазири маориф ва илм, Р.Содиқзода-намояндаи Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм, аъзои кумитаи тадорукот, ҳакамон, рӯзноманигорон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун сурат гирифт.

Гуфта мешавад, Р.Мирбобоев дар бораи мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза, рисолати ӯ  ва таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба омӯзгор сухан карда, сипас, Зиёратшоҳ Нарзуллозода – раиси ҳакамон, муовини сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм хулосаи ҳакамон ва фармоиши вазири маориф ва илмро дар бораи эълон шудани ғолиби озмун ва қадршиносии иштирокдорон қироат намуд.

Тибқи натиҷагирии аъзои ҳакамон Шоева Дилбар – омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ғолиби озмун дониста шуда, “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” эълон гардид. Ғолиби озмун бо мукофоти рамзӣ, мукофоти пулӣ бо маблағи 4000 сомонӣ ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ гардид.

Зикр мегардад, ки инчунин, тамоми иштирокчиёни озмун бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва туҳфаҳои рамзию молии таъсиснамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.