Таркиш дар Магнитогорск. Шуҳрат Улфатов пайдо гардид, аммо ҳамсар ва се фарзанди ӯ бедараканд

Ҷустуҷӯи нафароне, ки зери бинои фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорски Россия қарор доранд, идома дорад. Аз ҷумла, тақдири чанд шаҳрванди Тоҷикистон низ то ҳол норӯшан аст. Бино ба иттилое, ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “АП” дастрас гирдид, то ҳол як шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 26-солаи шаҳри Кӯшониёни вилояти Хатлон Шуҳрат Улфатов аз […]

Ҷустуҷӯи нафароне, ки зери бинои фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорски Россия қарор доранд, идома дорад. Аз ҷумла, тақдири чанд шаҳрванди Тоҷикистон низ то ҳол норӯшан аст.

Бино ба иттилое, ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “АП” дастрас гирдид, то ҳол як шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 26-солаи шаҳри Кӯшониёни вилояти Хатлон Шуҳрат Улфатов аз зери вайронаҳо пайдо карда шуда, ба бемористон интиқол ёфтааст. Вазъи саломатии ӯ ваҳим арзёбӣ мешавад.

Аммо тақдири ҳамсари Шуҳрат Улфатов Раҷабмоҳ Исоева ва се фарзанди ӯ Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсини 3-сола норӯшан аст.

Шаш аъзои оилаи шаҳрванди дигари Тоҷикистон Маҳмадрозиқ Самиев низ бенишон гаштааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 31-уми декабри соли 2018 дар шаҳри Магнитогрск бинои бисёрошёна фурӯ рафт. Тибқи фарзияе, ки мақомоти Россия ироа кардаанд, ҳодиса дар пайи таркиши газ сурат гирифтааст.

Шумораи қурбониён, тибқи маълумотҳои то субҳи 2-юми январ дастрас шуда, ба 9 нафар расидааст. Хадамоти матбуоти Сарраёсати ВҲФ Росия дар вилояти Челябинск шумораи бедаракшудагонро 36 нафар арзёбӣ мекунад.

Дар пайи ин ҳодисаи нохуш президенти Россия Владимир Путин ба маҳалли ҳодиса рафт. Қабл аз ӯ Евгений Зиничев, вазири ҳолатҳои фавқулода ва Вероника Сквортсова, вазири тандурустӣ ба Магниторгорск рафта буданд.

Дар вилояти Челябинск, ки шаҳри Могнитогорск воқеъ аст, 2-юми январ рӯзи мотам эълон шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.