Доллар дар Тоҷикистон боз камёфт шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар бозори асъори Тоҷикистон тайи рӯзҳои охир камбуди шадиди доллари амрикоӣ ба мушоҳида мерасад.

Бинобар сабаби мавҷуд набудани асъор, чанде аз бонкҳо айни замон дар мавриди фурӯши доллар амалиёт намегузаронанд.

“Пешниҳоди доллар ахиран ба тавре назаррас кам шуд. Мо дар навбати худ танҳо пули бадастовардаамонро фурӯхта метавонем. Дигар сарчашмаҳои дастрасӣ ба асъорро надорем”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар “Тоҷиксодиротбонк”.

Ба ҳар ҳол, долларро метавон дар чанде аз бонкҳо, аз ҷумла “Казкоммерсбонк”, “Аввалин бонки молиявии хурд”, “Спитаменбонк” ва дигар бонкҳо низ ба даст овард, лекин дар ҳаҷми маҳдуд: ба як нафар на бештар аз 200 доллар дода мешавад. Дар ҳамин ҳол, як шахс ин маблағро як маротиба дар ду ҳафта гирифта метавонад.

Хоҳишмандони харидори доллар хеле зиёд буда, мардум аз шаб навбат мегиранд. Маъмулан то нимаи рӯз захираҳои доллари бонкҳо ба охир расида, пас аз ин амалиёти марбут ба фурӯши доллар то субҳи рӯзи дигар мутавақиф мешаванд.

Аз вазъи ҷойдошта дарҳол одамоне истифода бурданд, ки ба мубодилаи ғайриқонунии асъор машғуланд. Онҳо 1 долларро бо нархи 9,80 сомонӣ мефурӯшанд ва ин дар ҳолест, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо онро метавон бо 9,45 сомонӣ харид.

Соҳибкорони машғул ба воридоти маҳсулот ба ҷумҳурӣ маҷбуранд, ки аз “бозори сиёҳ” асъори амарикоӣ харанд, ҳарчанд медонанд, ки ин амал ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, қурби расмии муқарраршуда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тайи рӯзҳои охир чандон тағйир наёфтааст: 1 доллар имрӯз ба 9,4318 сомонӣ баробар аст. Тайи соли охир сомонӣ нисбати дорллар дар маҷмӯъ ба андозаи 6,9% – аз 8,8190 сомонӣ дар аввали соли 2018 то ба 9,4296 сомонӣ ба санаи 31 декабри соли 2018 беқурб шуд.

Иқтисодчӣ Солеҳ Ҳамидов дар мавриди ин масъала мегӯяд, то замони дорои тавозуни манфии савдои хориҷӣ будани Тоҷикистон, ҷумҳурӣ ба ин ҳолат дучор хоҳад шуд, зеро нисбат ба содирот хеле зиёдтар маҳсулот ворид мекунем.

Қобили зикр аст, ки касри тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон тӯли 11 моҳи соли 2018 қариб 2 млрд. долларро ташкил дод.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...