Муҳаммадраҳими Сайдар. Ӯро ғами миллат кушт

Бо гузашти нӯҳ сол аз марги Муҳаммадраҳими Сайдар ҳамкорону ҳамкасбон ва шогирдонаш аз ӯ чун як рӯзноманигор ва нависандаи навовар ва соҳибқалам ёд мекунанд. Муҳаммадраҳими Сайдар соли 1952 дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Пас аз хатми донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дар Радиои Тоҷикистон ва маҷаллаи «Садои Шарқ» кор карда, баъди ҳиҷрат ба […]

Бо гузашти нӯҳ сол аз марги Муҳаммадраҳими Сайдар ҳамкорону ҳамкасбон ва шогирдонаш аз ӯ чун як рӯзноманигор ва нависандаи навовар ва соҳибқалам ёд мекунанд.

Муҳаммадраҳими Сайдар соли 1952 дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Пас аз хатми донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дар Радиои Тоҷикистон ва маҷаллаи «Садои Шарқ» кор карда, баъди ҳиҷрат ба Маскав сардабирии нашрияи «Паём»-ро дар ӯҳда дошт. Соли 2001 ба Радиои Озодӣ ба кор омад ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ дар ин расона фаъолият дошт.

Бемории ӯ аз ғами миллат буд

Аксари онҳое, ки Муҳаммадраҳими Сайдарро мешинохтанду якҷо фаъолият доштанд, мегӯянд, ки бемории ӯ аз замони ҷанги шаҳрвандӣ сарчашма мегирад, зеро шахси бениҳоят ҳассос буд ва “ҳақиқати он ҷангро ба хубӣ медонисту ин ҳақиқатро аз дилу ҷонаш гузарондааст”.

Журналисти шинохтаи тоҷик Салими Аюбзод, ки бо Муҳаммадраҳими Сайдар дӯст ва ҳамкор буд, дар матлаби “Хотираҳои ман аз Муҳаммадраҳими Сайдар” бахшида ба ӯ навиштааст: “Бо он дили ҳассос, ки Муҳаммадраҳим дошт ва аз он ҷо, ки бештар даруннигар буд, то буруннигар, яъне дардро ба худ меҷабид мисли лиф обро, бемории ӯ аз ҳамон давраҳои нохушиҳои кишвар оғоз гирифт ва ҳамзамон бо афзоиши дарду ғами мардумаш, нобасомониҳои умраш, ғурбату дарбадариҳои нав лумбиду бузург шуд ва ӯро ба коми бало кашид”.

Ин нуктаро Бобоҷони Шафеъ, журналист ва яке аз шогирдони Муҳаммадраҳими Сайдар низ тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ки ӯ воқеан инсони покизагавҳар буд, дилаш ба ҳоли миллат месӯхт: “Замоне ки худ сарпаноҳе надошту иҷоранишин буд, ғами зиёиёни бехонаро мехӯрд. Ин ғам оқибат ӯро аз мо бурд”.

Худи Муҳаммадраҳими Сайдар дар мавриди ин ҷанги хонумонсӯз, ки ранҷи онро дар қалби худ эҳсос кардааст, навиштааст: “Дар ин ҷанг ҳама лофҳо газофанд, ҳама даъвоҳо ботил, ҳама хунҳо ноҳаққанд. Ин ҷанг бурд надорад. Ин ҷанг бохтҳо ва сабақҳо дорад. Тоҷики ғариб, дарбадар дар суроғи як дами осуда рафт. Ба ёди хонаҳои сӯхтаи худ, хоҳару модари таҳқирдидааш…”

Ӯ тоҷикона менавишт

Дар бораи фаъолияти рӯзноманигории Муҳаммадраҳими Сайдар ҳамкасбону ҳамкоронаш андешаҳои зиёд баён кардаанд, ки дар умум метавон ҳамаи онро бо як ҷумла ифода намуд: Муҳаммадраҳими Сайдар тоҷикона менавишт.

Замони фаъолият дар Маскав ӯ кӯшиш мекард аз ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони тоҷик огоҳ бошад ва онро ба таври воқеӣ ва аз дидгоҳи як нафар тоҷики ватандӯст инъикос намояд. Ӯ наметавонист ба тақдири ҳаммиллати худ бетараф бошад, аз ин сабаб аз беадолативу ноҳақие, ки нисбати як ҳамватани худ зоҳир мешуд, ранҷ мекашид ва бо килки хеш бо он мубориза мебурд. Дар баробари ин, ӯ воқеъиятнигориро, ки касбаш тақозо менамуд, ҳамеша риоя мекард.

Устод ва маслиҳатгар

Бобоҷони Шафеъ аз Муҳаммадраҳими Сайдар чун устоди воқеӣ ёд карда, мегӯяд, ки ҳар навиштаи шогирдонашро мехонду барномаҳояшонро гӯш мекард: “Маслиҳат медод, ислоҳ мекард ва ба роҳи дуруст ҳидоят менамуд. Баъзан вақте варақҳоямро пас аз ислоҳ шудан намешинохтам, дилбардорӣ мекард, ки ҳатман журналист мешавӣ. Фикр мекунам, устодӣ аслан ҳамин аст, ки шогирдро дилшикаста накунӣ”.

Нависандаи навовар

Муҳаммадраҳими Сайдар дар баробари журналист будан, инчунин ба навиштани ҳикояву достонҳо низ машғул буд. Ӯ ҳарчанд достону ҳикоёти кам нашр кардааст, аммо бо эҷоди ҳикояҳои нахустини худ – «Гаҳвораи ноз», «Бози сафед» ва «Афсонаи Сурхоб» нишон дод, ки вай бо як сабки хосе дар майдони адабиёт ворид шудааст. Достони “Пирамард ва саг”-ро метавон яке аз беҳтарин навиштаҳои Сайдар номид, ки дар он сухан аз тақдири инсон меравад.

Салими Аюбзод менависад, ки “забони достонҳои Сайдар хонандаро шефтаи худ мекард. Ин забони наср набуд, балки шеъре буд, ки бо раҳоӣ аз вазну қофия ба дашти пур аз лола мемонд ва ё ба осмони кабуди пур аз парандагони гуногун”.

Бобоҷони Шафеъ, ки аз аввалин хонандаи ҳикояҳои Сайдар аст, мегӯяд: “Нависандаи хеле хуб буд. Ҳикояву достонҳои навиштааш аз дигарон бо сабку услуби хос фарқ мекард. Зеро шахси донишманд ва сермутолиа буд. Аз адабиёти тоҷик ва хориҷӣ огоҳии хуб дошт. Осори Мавлоноро хуб медонист ва шарҳ медод. Ин буд, ки ҳикояи эҷодкардаи устод навоварона ва бо забони равону тасвирҳои обнорасида иншо мешуд”.

Имрӯз навиштаҳои Муҳаммадраҳими Сайдар дар китобе бо сарлавҳаи «Гаҳвораи ноз» гирдоварӣ шудааст.

Муҳаммадраҳими Сайдар то охирин лаҳзаи ҳаёт аз эҷод дур нашуд. Зиёда аз ду моҳи охир ӯ аз бемории диабети қанд азият мекашид ва дар бемористони шаҳри Тулаи Россия зери назари пизишкон буд. Новобаста ба ин, ӯ кӯшиш мекард, ки нависад ва эҷод кунад. Аммо умр дигар вафо накард ва яке аз журналистон ва нависандагони хуби тоҷикро аз байни мо бурд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.