Файзинисо Воҳидова дар синни 56-солагӣ аз олам гузашт

Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар зодгоҳаш ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад. Тавре наздикони ин ҳомии ҳуқуқ ба “АП” иттилоъ доданд, Файзинисо Воҳидова рӯзҳои охир аз сулфа ранҷ мебурд, аз ин сабаб ба табибон муроҷиат намуд. Аммо духтурон чӣ гуна ташхис гузоштанд ва сабаби марги ӯ чӣ буд, маълум нест. Файзинисо Воҳидова дар ноҳияи […]

Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар зодгоҳаш ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад.

Тавре наздикони ин ҳомии ҳуқуқ ба “АП” иттилоъ доданд, Файзинисо Воҳидова рӯзҳои охир аз сулфа ранҷ мебурд, аз ин сабаб ба табибон муроҷиат намуд. Аммо духтурон чӣ гуна ташхис гузоштанд ва сабаби марги ӯ чӣ буд, маълум нест.

Файзинисо Воҳидова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1986 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москваро хатм намудааст. Аз соли 1995 то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ ҳамчун адвокат фаъолият дошт. Ӯ аз камтарин ҳомиёни ҳуқуқ ба ҳисоб мерафт, ки ба мухолифони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва қурбониёни хушунат ёрии ҳуқуқӣ мерасонид.

Файзинисо Воҳидова ошкоро масъулини давлатиро интиқод менамуд ва муқобили фасод дар ниҳоди судии кишвар мубориза мебурд. Соли  2011 ӯ ҳуқуқҳои рӯзноманигори радиои Бӣ-Бӣ-Сӣ дар Тоҷикистон Ӯрунбой Усмоновро, ки ба ҳамкорӣ бо ташкилоти мамнӯи Ҳизб-ут-Таҳрир айбдор мешуд, дар мурофиаҳои судӣ ҳимоя намуд. Оқибат журналистро зери фишори ҷомеаи шаҳрвандии дохилӣ ва хориҷӣ авф намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.