Ҷасади зан ва се фарзанди ӯ, ки дар Магнитогорск фавтиданд, рӯзҳои истироҳатӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд

Масъалаи ба Тоҷикистон интиқол додани ҷасади зане, ки бо се фарзандаш зери бинои харобгашта дар шаҳри Магнитогорск ҳалок шуд, дар ҳоли баррасӣ аст ва онҳо рӯзи шанбе ё якшанбе ба ватан оварда мешаванд. Дар ин бораи ба “АП” Сафар Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, ки дар ҷойи воқеа қарор дорад, иттилоъ дод. Ба гуфти […]

Масъалаи ба Тоҷикистон интиқол додани ҷасади зане, ки бо се фарзандаш зери бинои харобгашта дар шаҳри Магнитогорск ҳалок шуд, дар ҳоли баррасӣ аст ва онҳо рӯзи шанбе ё якшанбе ба ватан оварда мешаванд. Дар ин бораи ба “АП” Сафар Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, ки дар ҷойи воқеа қарор дорад, иттилоъ дод.

Ба гуфти Сафар Сафаров интиқоли ҷасадҳо мушкил надорад ва ҳоло хатсайри парвоз ва вақти он мушаххас шуда истодааст. Аммо ӯ нагуфт, ки маблағи интиқолро кӣ пардохт менамояд.

“Ҳамааш ҳал шудааст ва муҳим нест, ки маблағро кӣ пардохт мекунад. Аз ҳама муҳим ҷасади модар ва се фарзанди ӯ ба ватан интиқол меёбанд. Шаҳрвандони мо муттаҳиданд ва омодаи кӯмак ҳастанд”, – гуфт С. Сафаров.

Як ҳамватани мо, ки дар Магнитогорск зиндагӣ мекунад ба “АП” гуфт, дар ин шаҳр наздики 10 ҳазор тоҷикистониён зиндагӣ мекунанд.

“Ҳамдиёрони мо ҳамдигарро хуб дастгирӣ мекунанд. Ин бори аввал нест, ки чунин фоҷеа рух медиҳад. Мо зуд маблағ ҷамъоварӣ менамоем ва барои интиқоли ҷасад кӯмак мекунем”,- гуфт  ин ҳамватани мо.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки имрӯз пас аз намози ҷумъа, маросими ҷанозаи онҳо низ баргузор мегардад.

Дар ҳамин ҳол Сафар Сафаров иттилоъ дод, ки Шуҳрат Улфатов – падари ин хонадон, ки аз ин фоҷеа ҷон ба саломат бурд, дирӯз дар шифохонаи вилояти Челябинск такроран ҷарроҳӣ карда шуд.

“Ҳолати ӯ муътадил аст. Табибон ваъда доданд, ки имрӯз ӯро аз дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ҷудо мекунанд”,-гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки падари ин хонавода – сокини 26-солаи ноҳияи Кӯшониён Шуҳрат Улфатовро аз аввалинҳо шуда, дар зери харобаҳои бино дарёфтанд.

Бино ба маълумоти охир, аз оғози амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ 45 нафар аз зери харобаҳо берун гирифта шудаанд, ки 39 нафарашон, аз ҷумла 6 нафар кӯдакон ҳалок ва 6 нафари дигар, аз ҷумла ду нафар кӯдакон наҷот дода шудаанд.

Субҳи рӯзи 31 декабр яке аз даромадгоҳҳои бинои баландошёна дар Магнитогорск фурӯ рехт. Фарзияи пешакии рух додани ҳодиса таркиши газ унвон мешавад. Бар асари он 48 манзил осеб дид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.