Тоҷикистонии маҷрӯҳро дар пайи фурӯравии бино дар Магнитогорск ба Челябинск бурданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зодаи Тоҷикистон, Шуҳрат Улфатови 26-сола, ки зимни фурӯравии яқ қисмати бинои баландошёна дар Магнитогорск ҷароҳатҳои вазнин бардошт, бемористони вилоятии Челябинск интиқол дода шуд. Дар ин бора агентии «Урал-пресс-информ» хабар медиҳад.

Дар Telegram-канали тандурустии вилояти Челябинск «Минздравствуйте» гуфта мешавад, вазъи солимии мард дар роҳ муътадил будааст. Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор дошта буд, ки тоҷикистонии маҷрӯҳшуда дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ буда, вазъи солимиаш вазнин аст. Сокини 26-солаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Шуҳрат Улфатов аз зери харобаҳои як қисмати бинои фурӯрафта дарёфт шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” яке аз пайвандонаш Дилшод Султонов хабар дод, ӯ дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ ва беҳуш буда, ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шудааст.

“Дар хона ҳамчунин ҳамсар ва 3 фарзандони 6, 4 ва 3-солаи ӯ низ қарор дошта, алҳол тақдири онҳо норӯшан боқӣ мемонад”, – иброз дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки шаш нафар аъзои оилаи тоҷикистониёне, ки дар даромадгоҳи дигар зиндагӣ мекарданд, аз таркиш дар ин бино осеб надидаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, то имрӯз ҷасади 33 нафар, аз ҷумла 6 нафар кӯдакон аз зери харобаҳо дарёт шуда, шахсияти 21 ҷасад муайян карда шудааст. Тақдири боз наздики 10 нафари дигар норавшан боқӣ мемонад.

Субҳи 31-уми декабри соли 2018 дар шаҳри Магнитогорск як қисмати бинои бисёрошёна фурӯ рафт. Тибқи фарзияе, ки мақомоти Россия ироа кардаанд, ҳодиса дар пайи таркиши газ сурат гирифтааст. Аз таркиш 48 манзил осеб дида, корҳои тозакунии харобаҳо ва ҷустуҷӯи одамон шабонарӯзӣ ҷараён дорад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...