Тоҷикистонии маҷрӯҳро дар пайи фурӯравии бино дар Магнитогорск ба Челябинск бурданд

Зодаи Тоҷикистон, Шуҳрат Улфатови 26-сола, ки зимни фурӯравии яқ қисмати бинои баландошёна дар Магнитогорск ҷароҳатҳои вазнин бардошт, бемористони вилоятии Челябинск интиқол дода шуд. Дар ин бора агентии «Урал-пресс-информ» хабар медиҳад. Дар Telegram-канали тандурустии вилояти Челябинск «Минздравствуйте» гуфта мешавад, вазъи солимии мард дар роҳ муътадил будааст. Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор дошта буд, ки тоҷикистонии […]

Зодаи Тоҷикистон, Шуҳрат Улфатови 26-сола, ки зимни фурӯравии яқ қисмати бинои баландошёна дар Магнитогорск ҷароҳатҳои вазнин бардошт, бемористони вилоятии Челябинск интиқол дода шуд. Дар ин бора агентии «Урал-пресс-информ» хабар медиҳад.

Дар Telegram-канали тандурустии вилояти Челябинск «Минздравствуйте» гуфта мешавад, вазъи солимии мард дар роҳ муътадил будааст. Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор дошта буд, ки тоҷикистонии маҷрӯҳшуда дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ буда, вазъи солимиаш вазнин аст. Сокини 26-солаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Шуҳрат Улфатов аз зери харобаҳои як қисмати бинои фурӯрафта дарёфт шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” яке аз пайвандонаш Дилшод Султонов хабар дод, ӯ дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ ва беҳуш буда, ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шудааст.

“Дар хона ҳамчунин ҳамсар ва 3 фарзандони 6, 4 ва 3-солаи ӯ низ қарор дошта, алҳол тақдири онҳо норӯшан боқӣ мемонад”, – иброз дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки шаш нафар аъзои оилаи тоҷикистониёне, ки дар даромадгоҳи дигар зиндагӣ мекарданд, аз таркиш дар ин бино осеб надидаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, то имрӯз ҷасади 33 нафар, аз ҷумла 6 нафар кӯдакон аз зери харобаҳо дарёт шуда, шахсияти 21 ҷасад муайян карда шудааст. Тақдири боз наздики 10 нафари дигар норавшан боқӣ мемонад.

Субҳи 31-уми декабри соли 2018 дар шаҳри Магнитогорск як қисмати бинои бисёрошёна фурӯ рафт. Тибқи фарзияе, ки мақомоти Россия ироа кардаанд, ҳодиса дар пайи таркиши газ сурат гирифтааст. Аз таркиш 48 манзил осеб дида, корҳои тозакунии харобаҳо ва ҷустуҷӯи одамон шабонарӯзӣ ҷараён дорад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.