Об ва замин. Хоҳиши мардум аз вакилони парлумон

Ҷасур Абдуллоев, Asia-Plus

Мардуми Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо вакилони парлумон аз сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд, аммо дар баробари ин, талаб доранд, ки мушкили иҷтимоии онҳо низ ҳал карда шавад.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили палумон ва роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон эҳсос менамояд, ки мардум ба роҳбари давлат ва ҳукумати кишвар бовар ва эътимод дорад. Мушкиле, ки онҳо баррасӣ менамоянд, бештар иҷтимоӣ аст.

– Мардум мехоҳанд, ки соҳиби замин шаванд ва хона бунёд намоянд. Лекин ба он қитъаҳои замине, ки давлат ба онҳо аз ҳисоби заминҳои доманакӯҳ ва ё лалмӣ ҷуда мекунад, рафта хона бунёд кардан намехоҳанд. Замини обӣ мехоҳанд. Аммо давлат имкон надорад, ки ҳамаи заминҳои обиро барои бунёди хона тақсим намуда диҳад,-мегӯяд Саидҷаъфар Усмонзода.

Инчунин, мардум аз Саидҷаъфар Усмонзода бештар дар бораи проблемаҳои иҷтимоии хеш, аз қабили мушкили норасоии оби ошомиданӣ, баҳсҳои оилавии худ саволгузорӣ кардаанд.

Вакили дигари парлумон Олимҷон Салимзода, ки дар водии Зарафшон бо сокинон мулоқотҳо доир менамояд, мегӯяд, ки роҳандозии тағйиротҳои ҷиддӣ дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, барқарории муносибати хуби дӯстӣ бо давлати ҳамсояи Ӯзбекистон мавзӯи аслии суҳбатҳои ӯ бо интихобкунандагон аст.

– Ягона мушкиле, ки мардум дар чанд вохӯрӣ ба ман зикр намуданд, ба масъалаи дастрасӣ ба об вобаста аст. Ман ин мушкилро ба мақомоти дахлдор мерасонам ва талош мекунам роҳи ҳалли он пайдо шавад,-гуфт Олимҷон Салимзода.

Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 16 январи соли ҷорӣ вакилони парлумони Тоҷикистон ба назди интихобкунандагони худ сафари корӣ намуда, бо онҳо мулоқоту суҳбатҳо менамоянд ва паёми имсолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...