Об ва замин. Хоҳиши мардум аз вакилони парлумон

Мардуми Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо вакилони парлумон аз сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд, аммо дар баробари ин, талаб доранд, ки мушкили иҷтимоии онҳо низ ҳал карда шавад. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили палумон ва роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон эҳсос менамояд, ки мардум ба роҳбари давлат ва ҳукумати кишвар бовар […]

Мардуми Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо вакилони парлумон аз сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд, аммо дар баробари ин, талаб доранд, ки мушкили иҷтимоии онҳо низ ҳал карда шавад.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили палумон ва роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон эҳсос менамояд, ки мардум ба роҳбари давлат ва ҳукумати кишвар бовар ва эътимод дорад. Мушкиле, ки онҳо баррасӣ менамоянд, бештар иҷтимоӣ аст.

– Мардум мехоҳанд, ки соҳиби замин шаванд ва хона бунёд намоянд. Лекин ба он қитъаҳои замине, ки давлат ба онҳо аз ҳисоби заминҳои доманакӯҳ ва ё лалмӣ ҷуда мекунад, рафта хона бунёд кардан намехоҳанд. Замини обӣ мехоҳанд. Аммо давлат имкон надорад, ки ҳамаи заминҳои обиро барои бунёди хона тақсим намуда диҳад,-мегӯяд Саидҷаъфар Усмонзода.

Инчунин, мардум аз Саидҷаъфар Усмонзода бештар дар бораи проблемаҳои иҷтимоии хеш, аз қабили мушкили норасоии оби ошомиданӣ, баҳсҳои оилавии худ саволгузорӣ кардаанд.

Вакили дигари парлумон Олимҷон Салимзода, ки дар водии Зарафшон бо сокинон мулоқотҳо доир менамояд, мегӯяд, ки роҳандозии тағйиротҳои ҷиддӣ дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, барқарории муносибати хуби дӯстӣ бо давлати ҳамсояи Ӯзбекистон мавзӯи аслии суҳбатҳои ӯ бо интихобкунандагон аст.

– Ягона мушкиле, ки мардум дар чанд вохӯрӣ ба ман зикр намуданд, ба масъалаи дастрасӣ ба об вобаста аст. Ман ин мушкилро ба мақомоти дахлдор мерасонам ва талош мекунам роҳи ҳалли он пайдо шавад,-гуфт Олимҷон Салимзода.

Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 16 январи соли ҷорӣ вакилони парлумони Тоҷикистон ба назди интихобкунандагони худ сафари корӣ намуда, бо онҳо мулоқоту суҳбатҳо менамоянд ва паёми имсолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.