“Марзҳои мамну(ъ)”-и буҷетҳои маҳаллӣ – 3: Шаҳрвандон ҳам фаъол нестанд. Чаро? (чандрасонаӣ)

Date:

Комил набудани маърифати иқтисодию ҳуқуқии мардум, бефарқ муносибат кардан ба ҳисобукитоби расмии молиявӣ ва истиҳола аз соҳибмансабон. Ин ва чанд масъалаи дигар, ба андешаи афроди огоҳ, аз омилҳои одатшудаеанд, ки шаҳрвандони моро аз пурсидани ҷузъиёти буҷетҳои маҳаллӣ ва хоҳиши иштирок зимни таҳияи лоиҳаи онҳо бозмедоранд.

Шаҳрвандон – канораҷӯ…

Дар кишварҳои мутамаддин шаҳрвандон ҳамчун андозсупоранда аз ҳуқуқи дарёфти иттилоъ оид ба сарфу харҷи буҷетҳои маҳаллӣ бархӯрдоранд. Қонунгузории Тоҷикистон низ ба ин як унсури ҷомеаи мардумсолорӣ мувофиқ аст. Лек мушоҳидаҳо ҳокӣ аз онанд, ки кулли сокинони одии ҷумҳурӣ, ҳоло дар мисоли вилояти Хатлон, аз ин ҳаққи худ истифода намекунанд.

– Ин хуб аст, агар мардум донистан хоҳанд, ки пули андозҳои месупурдаашон оё барои беҳсозии зиндагияшон масраф мешавад ё хайр, – мегӯяд Умед Абдуназарзода, муовини сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар. – Вале азбаски донишҳои ҳуқуқию иқтисодии шаҳрвандон дар сатҳи паст қарор доранд,  онҳо ба масоили марбут ба буҷет ҳеҷ таваҷҷуҳ надоранд.

Ғазалшоҳ Сафарзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор, дар тақвияти ин андеша иброз дошт, ки танҳо кормандони ташкилоту идораҳо, алалхусус, сармуҳосибон, роҳбарон ва муовинони онҳо вобаста ба тақсимоти буҷет аз масъулон суол мекунанд. “Дар таҷриба то ҳол мушоҳида нашудааст, ки мардуми одӣ доир ба тақсимоти буҷет ва маблағҳои он чизе пурсида бошанд”, – афзуд ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

…Вакилон – дардидилрасон

Намояндаҳои мардум дар маҷлиси вакилони халқи шаҳру навоҳӣ иддао доранд, ки онҳо дар доираи мулоқотҳои хеш ин камҳавсалагии шаҳрвандонро то андозае ҷуброн мекунанд. Яъне хоҳишу тақозои онҳоро то гӯши масъулони риштаи иқтисод ва роҳбарони дахлдор мерасонанд.

– Трансформатори барқи ҳамон маҳалле, ки банда аз он ҷо вакил интихоб шудаам, мушкиле дошт, – мисол овард Файзалӣ Назаров, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар. – Бо дархости мо он иваз карда шуда, ҳамзамон, барои сокинон бунгоҳи тиббӣ сохта шуд.

Сабоҳат Мирзошарифзода, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод, мегӯяд, ки иштироки интихобкунандагонаш дар қабули буҷет ба гунаи дигар сурат мегирад:

“Пас аз он, ки мо муҳтавои ҳама санадҳои тозақабулро ба мардум мерасонем, онҳо дар навбати худ баъзе таклифот ироа мекунанд. Масалан, мегӯянд, ки дар самти ободонии маҳал маблағи бештар ҷудо шавад”.

Пиримшо Саҳроев, вакили дигар аз ноҳияи Ховалинг, бо такрор аз гуфтаҳои ҳамтоҳояш, афзуд, ки мардум бештар ба масъалаҳои зиёдшавии музди меҳнат, нафақапулӣ ва тағйироти чашмраси ҳаҷми буҷети маҳаллӣ таваҷҷуҳ мекунанд.

…Интихобкунандаҳо – норозӣ?

Вакилон дар ҳоле аз огоҳии мардум ва бархӯрди интихобакунандаҳо бо ифтихор суҳбат мекунанд, ки як назарпурсии мо тариқи суҳбати рӯ ба рӯ ва ҳам бо истифода аз шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” аён намуд, ки на ҳамаи шаҳрвандон вакилони худро мешиносанд ва ё аз мулоқотҳояшон баҳраваранд, чӣ расад ба баррасии масоили муҳим бо онҳо. 

МЕДИА (IFRAME)

Маҳмуд (исми мустаор), сокини ноҳияи Фархор, ҳамноҳияи 33-солааш Саид (номи ивазшуда), Ҷумъахони Бобохон, Аҳмадҷон Раҳимзода, иқоматкунандаҳои ноҳияи Ховалинг ва бошандаи 27-солаи ноҳияи Кӯшониён Шарофиддин Шоев аз ҳамин шумуланд.  

А. Раҳимзода афзуд: “Ман бо вуҷуди ин, ки корманди яке аз идораҳои давлатиям, аз раванди таҳияи буҷет огаҳӣ надорам, вакили худро ҳатто намешиносам ва ёд надорам, ки ӯ марбут ба буҷет бо мардум суҳбат ороста бошад”. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Музаффар Авазов, сокини ноҳияи Вахш, ки вакили мавзеи худро мешинохтааст, бад-ин зайл суол гузошт: “Чӣ суд, вақте ки худи ӯ дар марҳилаи охир, яъне зимни тасдиқи буҷет бо лоиҳаи он шинос мешавад?”.

“Ҳуқуқ дорем”, аммо…

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи пурсише, ки тӯли як моҳ миёни анқариб 80 истиқоматкунандаи 15 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон гузарондем, ин нукта собит гашт, ки аксарияти кулли сокинон оид ба харҷи маблағҳои буҷетӣ иттилое надошта, бо мақсади дарёфти маълумот ба ягон идора боре ҳам муроҷиат накардаанд.   

МЕДИА (IFRAME)

– Дафъае фақат барои фаҳмидани ҳаҷми маблағгузории яке аз парваришгоҳҳо ба Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб рафтам, – иброз медорад Барнои Бекматзода, сокини шаҳри Кӯлоб. – Дигар ҳеҷ мутаваҷҷеҳ нашудаам, ки буҷети маҳаллӣ баҳри кадом самту соҳа масраф мешавад.

Маҳмуд, Саид, А. Раҳмизода, Ҷ. Бобохон ва Ш. Шоев низ такрор карданд, ки ба раванди истифодаи маблағҳои буҷетӣ ҳеҷ гоҳ таваҷҷуҳ накардаанд.  

– Ман то андозае медонам, ки ҳуқуқ дорем дар ҷараёни омодасозии лоиҳаи буҷети маҳаллӣ ширкат варзем. Аммо, мутаассифона, дар амал ин тавр нест, – баён кард Ш. Шоев.

Нуктаи назари Музаффар Авазов, сокини ноҳияи Вахш, аз дигарон андаке фарқ мекунад. Ӯ дар зери пурсиши интернетии мо ба сифати як интихобкунанда талаб дорад: “Дар асри интернету фановариҳо мо набояд ба мақомот барои фаҳмидани ҷузъиёти буҷети маҳаллӣ муроҷиат кунем. Ин иттилоъ бояд озод, шаффоф дар сомонаҳои мақомот сари вақт нашр гарданд. Яъне масъулони тақсими буҷет вазифадоранд, ки барои аҳли ҷомеа оид ба қисми хароҷоти буҷет ҳисобот омода карда, онро дар воситаҳои ахбори омма ё сомонаи расмӣ нашр кунанд”. 

МЕДИА (IFRAME)

…“Раис меранҷад!”

Чаро мардуми одӣ аз кори таҳия ва тақсимбандии буҷетҳои маҳаллӣ худро канор мегиранд? Ба ин суол ҳамкасби мо Рустам Сафаров посух дод. Ба фикри ӯ, бинобар надоштани дониши казоии иқтисодӣ ва дар дил ҷой кардани гумони ин, ки кадом як раис меранҷад, шаҳрвандони мо ҳанӯз барои муҳокимаи буҷет омода нестанд.

“Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо барои то сатҳи зарурӣ боло бурдани донишҳои иқтисодию сиёсии мардум бояд моил бошанд. Агар онҳо лоиҳаи буҷетро ба баррасии умум гузоранд ва ба мардум имкон диҳанд, то ин ки озод ибрози андеша кунанд, ин танҳо ба фоидаи кор аст”, – афзуд вай.

Абдураҳмон Наҷмиддинов, коршиноси масоили иқтисодӣ, илова кард: “Аҳолӣ барои он омода нест, ки муҳокимаи ҷамъиятии буҷет барои мо падидаи нав аст. Биноан, мебояд, ки мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои оммафаҳмониро пурзӯр кунанд. Чунки дониши молиявии сокинон дар сатҳи зарурӣ нест. Ин омил, албатта, ба пурсамар гузаштани муҳокимаи ҷамъиятии буҷет таъсири манфӣ мерасонад. Мо бояд ба шаҳрвандон фаҳмонем, ки онҳо метавонанд оид ба ҳалли молиявии масъалаҳои марбут ба муҳити зист ва дигар, ки ба фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо дахл дорад, бидуни касе изҳори ақида кунанд. Ба ин васила имкони зудтар рафъ шудани монеаҳо ё мушкилоти ҷойдошта муҳайё мегардад”. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Таҷрибаи нахустин

Хушбахтона, масъалаи ҷалби сокинон ба баррасии лоиҳаҳои буҷетҳои маҳаллӣ, аҳёнан ҳам бошад, акнун дар кишвари мо мушоҳида мешавад. Ташаббускори нахустин Институти ҷомеаи кушод “Бунёди мадад” маҳсуб меёбад. Аз рӯйи нақли масъулон, соли 2018 муҳокимаи ҷамъиятии буҷет дар доираи лоиҳаи идоракунии молиявии давлатӣ ва кӯмакҳои техникии ташкилоти болозикр дар 6 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон гузаронида шуд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Дар рафти муҳокимаҳои ҷамъиятӣ намояндагони гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту мақомоти давлатӣ иштирок карданд.

Проблемаҳо ҳастанд дар ин самт. Яъне мушоҳида мешавад, ки на ҳама барои гузаронидани чунин чорабиниҳо омодаанд. Бо вуҷуди ин, барои амалӣ намудани он таклифҳое, ки аз ҷониби иштирокчиён шуда буд, маблағҳои зарурӣ пешбинӣ гардиданд. Қисми зиёди таклифҳо асосан ба сохтмони мактабҳо, боғчаҳои кӯдакона, таъмир намудани биноҳои маъмурию иншоотҳои маишӣ, сохтмони роҳҳо дахл доранд.

Пеш аз баргузор кардани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ дарсҳои омӯзишӣ ташкил шуданд. Як қисми ҷомеа омӯзонида шуданд, ки зери мафҳуми муҳокимаи ҷамъиятӣ чӣ меистад ва кадом масъалаҳо бояд муҳокима шаванд”, – афзуд масъули лоиҳаи идоракунии молиявии давлатии Институти ҷомеаи кушод “Бунёди мадад”. 

МЕДИА (IFRAME)

Иштироки мардум – манфиати умум

Афзудани эътимод ба шаффофкории ниҳодҳои давлатӣ, файсалаи дурусти мушкилоти калонтари ҷомеа, то ҷое зуд комёб шудан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ва ниҳоят, ба ҳайси татбиқкунандаи боз як принсипи ҷомеаи мардумсолорӣ эътирофи умумро дарёфт кардан аст. Аз диди таҳлилгарон, ин номгӯйи нопурраи он ҳама бурдҳоест, ки агар шаҳрвандон бо мақсади амалисозии хостаҳои инсонӣ ва ҳалли мушкилоти кӯчаю шаҳри худ ба ҷараёни таҳияи лоиҳаҳои буҷетҳои маҳаллӣ ҷалб шаванд. Амалӣ шуданашон, бешак, аввал марбут ба мақомоти давлатист…

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...