Бовар кун, аммо бисанҷ! Оё метавонед навори бофтаро фарқ кунед?

Дар тестҳои қаблии лоиҳаи Мактаби саводнокии медиавии Asia-Plus шумо дар фарқ кардани маълумоту сурати сохта (фейкӣ) худро санҷида будед. Ин дафъа мо оид ба наворҳои бофта тест омода намудем. Худро санҷед. Мунтазир шавед, то тест боз гардад.   Тести мазкур дар доираи озмуни “Ошкоркунандагони фейк”, ки аз ҷониби “Азия-Плюс” гузаронида мешавад, омода шудааст. Шумо ҳам […]

Дар тестҳои қаблии лоиҳаи Мактаби саводнокии медиавии Asia-Plus шумо дар фарқ кардани маълумоту сурати сохта (фейкӣ) худро санҷида будед.

Ин дафъа мо оид ба наворҳои бофта тест омода намудем. Худро санҷед. Мунтазир шавед, то тест боз гардад.

 

Тести мазкур дар доираи озмуни “Ошкоркунандагони фейк”, ки аз ҷониби “Азия-Плюс” гузаронида мешавад, омода шудааст. Шумо ҳам метавонед  дар ин озмун иштирок намуда, соҳиби яке аз се телефони мобилӣ шавед.

Дар бораи озмуни “Ошкоркунандагони фейк”

Озмун 10 ноябри 2018 оғоз шуда буд ва то 10 феврали 2019 идома мекунад. Ҳар як хонандаи “Азия-Плюс” метавонанд дар ин озмун иштирок карда, соҳиби туҳфаи хотиравӣ шаванд. Се ошкоркунандаи беҳтарин соҳиби телефонҳои мобилӣ мегарданд. Синну сол, касб ва теъдоди маводи ба озмун пешниҳодшаванда маҳдуд нест.

Барои иштирок танҳо лозим аст, ки фейкро (дурӯғро) ошкор ва исбот карда ба мо фиристед. Шумо фейк будани иттилоот, сурат ё видеоро, ки дар расонаҳои иҷтимоию сомонаҳои иттилоотӣ чоп шудаанду ба назари Шумо шубҳаоваранд, бо далелҳо исбот кунед ва ба мо фиристед.

Ба озмун ҳама маводҳои ошкоркунанда бо забони тоҷикӣ ва русӣ қабул карда мешаванд. Маводҳоро ба почтаи электронии редаксия [email protected] ирсол карда метавонед.

Ҳама маводҳои ба талабот ҷавобгӯ дар қисмати лоиҳаҳои махсуси “Мактаби саводнокии медиавӣ” ҷойгир мешаванд. Онҳоро комиссияе, ки аз мутахассисони соҳаи расона, журналистон ва коршиносони мустақил ташкил шудааст, баҳогузорӣ мекунад.

Маводи мазкур зери барномаи қарзҳои хурди Интерньюс дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ»  (Содействие стабильности и миру в Центральной Азии) бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо омода шудааст. Мундариҷаи мавод назари шахсии муаллиф аст ва метавонад бо нуктаи назари Иттиҳоди Аврупо мувофиқат накунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.