Сеяки лоиҳаҳои сармоягузории дар Тоҷикистон амалишаванда кумаки бебозгашт аст

Амалисозии ҳар кадоме аз се лоиҳаи давлатии саомяогузорӣ дар Тоҷикистон пурра аз ҷониби мададрасонон бар асоси бебозгашт маблағгузорӣ мешавад. Айни замон дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 30,5 млрд. сомонӣ ё худ 3,23 млрд. доллар 69 чунин лоиҳа мавриди амалишавӣ қарор дорад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, онҳо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Амалисозии ҳар кадоме аз се лоиҳаи давлатии саомяогузорӣ дар Тоҷикистон пурра аз ҷониби мададрасонон бар асоси бебозгашт маблағгузорӣ мешавад.

Айни замон дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 30,5 млрд. сомонӣ ё худ 3,23 млрд. доллар 69 чунин лоиҳа мавриди амалишавӣ қарор дорад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, онҳо аз 23 лоиҳаи грантӣ, 12 лоиҳаи қарзӣ ва 34 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант иборат мебошанд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда 15,5 млрд. сомонӣ ё 1,64 млрд. доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст, ки ин 50,7%-и маблағи умумиро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, соли гузашта дар мавриди татбиқи ин лоиҳаҳо 3,9 млд. сомонӣ (418,6 млн. доллар) азхуд шуда буд, ки 96% аз ҳаҷми пешбинишударо ташкил дода буд.

Лоиҳаҳаои амалишаванда аз ҷониби Бонки осиёгии рушд (743 млн. доллар), Бонки ҷаҳонӣ (594 млн. доллар), Эксимбонки Чин (467 млн. доллар), Бонки аврупоии таҷдиду рушд (403 млн. доллар), Бонки исломии рушд (148,6 млн. доллар) ва дигарон маблағгузорӣ мешаванд.

Аз ҳисоби ин сармоягузориҳо дар бахши маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 9 лоиҳа, дар бахши кишоварзӣ ва обёрӣ – 23 лоиҳа, дар соҳаи энергетика – 11 лоиҳа, соҳаи нақлиёт – 16 лоиҳа, ҳамчунин лоиҳаҳо дар дигар бахшҳо амалӣ мешаванд.

Ҷалби боз 777 млн. доллар

Ҳукумати Тоҷикистон се соли наздик барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ният дорад, ки наздики 777 млн. доллар маблағ ҷалб кунад. Ин воситаҳо дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии беруна барои солҳои 2019-2021 ҷалб мешаванд.

Ҳамин тариқ, соли 2019 – ҷалби 261,8 млн. доллар, соли 2020 – 255,9 млн. доллар ва соли 2021 – 258,6 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин маврид қарзгиранда ҳукумат шумоида шуда, лекин хизматргузорӣ ва баргардонидани қарзҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори кишвар амалӣ мегардад.

Ба сифати маблағгузорони асосии Барнома дар се соли оянда Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР), Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва Бонки осиёгии рушд дар назар дошта мешаванд.

Ҳукумат аз БАТР иштирок дар амалисозии 17 лоиҳаро ба маблағи умумии наздики 177 млн. доллар интизорӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, БАТР пешниҳоди қариб 75 млн. долларро барои амалисозии 24 лоиҳа, Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани беш аз 135 млн. доллар, Бонки осиёгии рушд – зиёда аз 70 млн. долларро дар нақша дорад.

Ҳамчунин аз саҳми Фонди рушди Саудӣ, Фонди рушди Кувейт, Эксимбонки Чин, Бонки аврупоии сармоягузоӣ ва дигар кишварҳову созмонҳои мададрсон ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ низ интизорӣ меравад.

Шартҳо

Ҳамаи ниҳодҳои молиявии дар боло зикршуда ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мекунанд.

Қарзҳои Бонки ҷаҳонӣ, Бонк осиёгии рушд, Фонди рушди Кувейт, Фонди рушди Саудӣ, Фонди Абӯ-Дабӣ ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ ба давраи дарозмуҳлат (20-40 сол) бо меъёри аз 0,75 то 2 фоизи солона дода шуда, муҳлати имтиёзнок барои баргардонидани маблағи асосии қарз аз 4 то 10 солро ташкил медиҳад.

Қарзҳои Эксимбонки Чин ба муҳлати 20-25 сол бо меъёри аз 1,5 то 2 фоизи солона дода шуда, муҳлати имтиёзнок барои баргардонидани маблағи асосии қарз аз 9 то 11 солро ташкил медиҳад.

Меъёри фоизи қарзи Бонки аврупоии таҷдиду рушд Libor+1 фоизро ташкил дода, дар баробари ин воситаҳои грантӣ ҷудо мешаванд.

Қарзи беруна

Ба ҳолати 1 октябри соли 2018 ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 873,3 млн. долларро ташкил медиҳад.

Дар сохтори қарзи хориҷии кишвар наздики 95% воситаҳое мебошанд, ки барои эҳтиёҷоти ҳукумати ҷумҳурӣ ҷалб шудаанд.

Ҳаҷми қарзи бевоситаи давлатӣ, ки ба иҷрои уҳдадориҳои ҳукумат марбут аст, ба санаи 1 октябри соли гузашта 2 млрд. 727,3 млн. долларро ташкил дод.

Қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин боқӣ мемонад, ки ҷумҳурӣ ба ин ниҳод беш аз 1,2 млрд. доллар қарздор аст.

Қарзи ташааккулёфта дар натиҷаи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёги рушд, Бонки исломии рушд, Фонди Саудии рушд, Фонди рушди Кувейт, Фонди зиддибуҳронии ЕвразЭС, Фаронса, Олмон, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Фонди аврупоии сармоягузорӣ ва Фонди рушди Абӯ-Дабӣ низ қарздор аст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.