Маҳдудияти ҳаракати мошинҳои боркаш дар роҳи Душанбе – Чаноқ

Дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд беш аз 11 тарма фаромадааст. Роҳро аз тарма тоза карда, ба ҷуз автомашинаҳои боркаш, барои ҳаракати дигар навъи нақлиёт роҳ боз аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон. “Аз соати 6:40-и субҳ то ин дам аз километри 152 то 160-ум беш аз 11 тарма фаромад. […]

Дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд беш аз 11 тарма фаромадааст. Роҳро аз тарма тоза карда, ба ҷуз автомашинаҳои боркаш, барои ҳаракати дигар навъи нақлиёт роҳ боз аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

“Аз соати 6:40-и субҳ то ин дам аз километри 152 то 160-ум беш аз 11 тарма фаромад. Роҳро аллакай тоза карданд, лекин тармафароӣ идома дорад. Дар роҳ техникаи истифода дар роҳҳо – булдозеру экскаватор ва се адад мошини боркунанда машғули рафъи оқибатҳои офати табиӣ мебошанд”, – хабар дод котиби матбуотии ширкат Далер Мерганов.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳаракати автомашинаҳои боркаш дар роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан манъ аст.

“Бар асоси фармоиши муштараки ВКД ва Вазорати нақлиёт бо мақсади таъмини ҳаракати дигар навъи воситаҳои нақлиёт, ҳаракати мошинҳои боркаш бо ядак (притсеп) ва фураҳо муваққатан маҳдуд шуд”, – иброз дошт номбурда.

Дар дафтари матбуоти ширкат ҳамчунин зикр карданд, ки сарфи назар аз боришоти беисти шадид, кормандони ширкат шабонарӯзӣ фаъолият доранд, то ки роҳ тоза шуда, ҳаракати мунтазами нақлиёт таъмин гардад.

“Ҳаракати автомашинаҳои боркаш муддати 3-4 соат боздошта шуд. Бо коҳиши шиддати барфрезӣ, ҳаракати нақлиёти боркаш барқарор мешавад”, – афзуд Далер Мерганов.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.