Хайрулло Мирсаидов: “Кишварро барои бехатариам тарк кардам”

Asia-Plus

Суди шаҳри Хуҷанд хабарнигор ва раҳбари пешини КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро ғоибона ба 8 моҳи зиндон маҳкум кард.

Чунин ҳукмро суд бар асоси аризаи иҷрочии суд дар бораи аз ҷониби Мирсаидов бидуни огоҳӣ тарк кардани кишвар содир намудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” худи Хайрулло Мирсаидов хабар дод.

“Ман дарвоқеъ ҳам ҳуҷҷатҳоеро имзо кардаам, ки бидуни огаҳӣ тарк кардани натанҳо Тоҷикистон, балки шаҳри Хуҷандро, ки қайдам дар он ҷо аст, ба ман манъ мекунанд”, – иброз дошт Мирсаидов.

Бино ба гуфтаи хабарнигор, ӯ аллакай муддати се моҳ аст, ки дар Гурҷистон қарор дорад ва он ҷо табобат мегирад.

Мувофиқи қарори суд, дар доираи корҳои ислоҳӣ ӯ мебоист ҷойи кор ёфта, муддати ду сол 20% аз музди меҳнаташро ба давлат пардохт мекард. Ғайр аз ин, то 15 декабр ӯ мебоист дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт мекард.

“Пеш аз ҳама, ман кишварро барои бехатариам тарк кардам (дар ҳамин ҳол, ӯ саҳеҳ нагуфт, ки аз чӣ хавотирӣ дорад, – “Азия-Плюс”). Нисбат ба Тоҷикистон дар хориҷи кишвар барои пулкоркунӣ бештар имконият дорам, то ки ҷаримаро пардохт намоям. Санаи 10 декабр беш аз 80 ҳазор сомонӣ маблағи ҷаримаро пардохт намудам”, – изҳор дошт Мирсаидов.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки айни замон адвокатҳояш ба суд муроҷиатнома омода кардаанд, то ки аз болои қарори зикршуда шикоят баранд.

Хайрулло Мирсаидов зимнан зикр кард, ки ба кораш дар соҳаи журналистика идома доданист.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳайати мушовараи суди вилояти Суғд аз 22 август, Хайрулло Мирсаидов аз толори суд озод карда шуд.

Суди вилоят ҷазо нисбати Мирсаидовро аз рӯи ҳамаи се модда, ки қаблан тибқи онҳо ба ӯ аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд айбнома пешниҳод шуда буд, тағйир дод.

Аз ҷумла моддаҳои 245 ва 345 (маҳрумият аз озодӣ) ба ҷарима дар ҳаҷми наздики 80 ҳазор сомонӣ ва моддаи 346 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба корҳои ислоҳӣ иваз карда шуданд.

Иҷрои корҳои ислоҳӣ маънои онро дорад, ки Хайрулло Мирсаидов дар ҷойи дилхоҳаш кор карда метавонад ва 20% аз ҳаҷми музди меҳнаташро муддати 2 сол ба буҷети давлатӣ пардохт мекунад.

Суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои азхудкунӣ ё камомади маблағ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаву дониста додани маълумоти бардурӯғ гунаҳкор эътироф гардид.

Пас аз содир шудани ҳукми суд оилаи Мирсаидов ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...