Ба 35 варзишгари тоҷик унвони “устоди варзиш”дода шуд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ба 42 нафар мураббиён ва варзишгароне, ки меъёрҳои “Номзад ба устоди варзиш”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ”, “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро иҷро намудаанд, шаҳодатномаҳои дахлдор дод. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, заҳодатномаҳо зимни як ҷаласа дар Кумита аз ҷониби […]

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ба 42 нафар мураббиён ва варзишгароне, ки меъёрҳои “Номзад ба устоди варзиш”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ”, “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро иҷро намудаанд, шаҳодатномаҳои дахлдор дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, заҳодатномаҳо зимни як ҷаласа дар Кумита аз ҷониби ноиби аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо ва сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Носир Бозоров тақдим гардид.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки соли 2018 сафи гирандагони Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 3 маротиба бештар шуда, ба 76 нафар расид.

Ҳамин тариқ, 4 нафар – Икромзода Баракатулло, Аҷам Нуриддинов, Муҳаммадҷон Холиқов (ҳар се аз намуди гуштини миллӣ), Фаррух Шоев (каратэ-киёкушинкай) бо унвони “Номзад ба устоди варзиш” соҳиб шуданд.

Гуфта мешавад, 35 нафар – Асадбек Фатоев, Сафаралӣ Давлатов, Меҳрдод Аҳёев, Сиёвуш Машрабов, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (ҳама аз намуди каратэ), Гулмира Исроилова, Сунатулло Юнусзода (бокс), Ардашер Гадоев (шиноварӣ), Муҳаммадҷон Баротов, Довуд Соҳибназаров, Одилҷон Сафаров (гуштини миллӣ), Миралӣ Мустонов (гуштини юнонӣ-румӣ), Сулаймони Ҷамшед, Мирзоҷамил Рамазонов (дзюдо), Синои Маҳмадулло, Ҳабибуллои Саъдулло, Некрӯз Зуҳуров (қайиқронӣ), Абдурауф Мусоев, Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук), Фармон Зоҳирбеков, Эроншоҳ Нағзибеков, Тоҳирҷон Қурбонов, Эҳсон Одинаев, Сардемак Марадов, Алишер Ҷабборов, Матлуба Маҳшулова, Карашма Камолова (волейбол), Анушервон Раҳимов (камонварӣ), Амришер Собиров (дастхобонӣ), Сорбон Азизов, Омина Зарифова, Умеди Қурбонназар, Шоҳзода Тоҷибоева (таэквандо ИТФ), Комрон Нарзуллоев (таеквондо WT), Абдуҳаким Ҳақбердиев (вазнбардорӣ) бо унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.

Сафия Исмоилова (таэквандо ИТФ) бо унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ” ва 2 нафар – Баҳодур Каримов (шашка), Абдулло Наботов (дзюдо) бо унвони “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар муқоиса бо соли гузашта шумори гирандагони унвонҳои “Устоди варзиш” ва “Номзад ба устоди варзиш” қариб 4 маротиба камтар аст. Соли гузашта 175 нафар ба унвонҳои варзишӣ соҳиб шуда буданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.