Сарони кишварҳои ОМ моҳи апрел дар Тошканд гирдиҳам меоянд

Вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ), ки бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон роҳандозӣ шуд, соли ҷорӣ нимаи аввали моҳи апрел дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар вохӯрии аввали машваратӣ, ки 15 марти соли гузашта дар шаҳри Остона баргузор […]

Вохӯрии дуюми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ), ки бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон роҳандозӣ шуд, соли ҷорӣ нимаи аввали моҳи апрел дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар вохӯрии аввали машваратӣ, ки 15 марти соли гузашта дар шаҳри Остона баргузор шуд, пешниҳод намуд, ки чунин вохӯриҳо ҳамасола пеш аз ҷашни Наврӯз гузаронида шаванд. Он замон ӯ изҳор дошта буд, ки вохӯрии навбатӣ джар Тошканд гузаронида мешавад.

Дар вохӯрӣ баррасии масоили рушди ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа дар тамоми самтҳо – иқтисоду тиҷорат, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳанг дар назар аст.

Ба гуфтаи манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати Тоҷикистон, дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сол то сол ҷашни Наврӯз бо миқёси бузургтар таҷлил гардида, ҷадвали сарони кишварҳои минтақа дар ин давра пур аз мулоқоту чорабиниҳо аст.

“Маҳз барои ҳамин сарони кишварҳои минтақа дар Тошканд на пеш аз ҷашни Наврӯз, балки моҳи апрел гирдиҳам меоянд”, – таъкид дошт манбаъ.

Дар вохӯрии аввали машваратии минтақавӣ сарони кишварҳои Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон  – Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон – Сооронбой Жээнбеков, Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси Туркманистон – Акҷа Нурбердиев иштирок карданд.

Дар он вохӯрӣ президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор дошта буд, ки ин сана дар таърихи чандинасраи муносибатҳои ҳамҷавории мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ саҳфаи нав боз намуд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.