Террористон дар Кобул мошини боркашро таркониданд

Дар мавзеи Green Village дар маркази шаҳри Кобул, ки миёни хориҷиён маъруфу писандида аст, рӯзи 14 январ таркиши пуриқтидор рух дод: мошини боркаш ба инфиҷор дучор шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана” бо истинод ба Tolonews. Дар ВКД мегӯянд, на камтар аз 90 кас ҷароҳат бардошта, 4 нафар ҳалок шуданд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, захмишудагон 93 […]

Дар мавзеи Green Village дар маркази шаҳри Кобул, ки миёни хориҷиён маъруфу писандида аст, рӯзи 14 январ таркиши пуриқтидор рух дод: мошини боркаш ба инфиҷор дучор шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана” бо истинод ба Tolonews.

Дар ВКД мегӯянд, на камтар аз 90 кас ҷароҳат бардошта, 4 нафар ҳалок шуданд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, захмишудагон 93 нафаранд, аз ҷумла 24 кӯдак ва 24 нафар занон. Миёни захмигшудагон се нафар хизматчии ҳарбӣ ва як нафар шаҳрванди қаторӣ аст.

Аксарияти захмишудагон сокинони осоишта мебошанд. Манзилҳои гирду атроф низ аз таркиш осеб дидаанд. Дар ин мавзеъ созмонҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ҷойгир буда, бисёр шаҳрвандони хориҷӣ иқомат доранд. Маҷмааи 40 дақиқа роҳи пиёда аз фурудгоҳи Кобул таҳти посбонӣ қарор дошта, миёни тоҷирон ва мутахассисони хориҷӣ маъруфу писандида мебошад.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Наҷиб Дониш дар саҳифааш дар Facebook таркишро амалӣ террористӣ унвон кардааст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.