Манбаъ: Собиқ раиси Хатлон ояндаи наздик ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллиро месупорад

Собиқ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ояндаи наздик бояд ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро супорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода рӯзи 14 январ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд ва мутобиқи меъёрҳои қонунгузори ҷумҳурӣ, дигар наметавонад курсии вакилиро дар […]

Собиқ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ояндаи наздик бояд ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро супорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода рӯзи 14 январ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд ва мутобиқи меъёрҳои қонунгузори ҷумҳурӣ, дигар наметавонад курсии вакилиро дар ҳама гуна сатҳ ишғол намояд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода муддати панҷ соли охир роҳбарии вилояти Хатлонро ба уҳда дошта, 14 январ бо фармони президент аз вазифааш озод карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (панҷнафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб намуда, 8 нафар аъзои палатаи болоии парлумон бо фармони президент таъин мешаванд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.