Гумонбарии таксиронҳои тоҷик дар марги мухлиси “Зенит” дар Петербург

Дар маркази шаҳри Санкт-Петербург дар занозании оммавӣ бо муҳоҷирон шаби 5 ба 6 январ мухлиси 32-солаи даста футболи “Зенит” ҳалок шуд, хабар медиҳад «Невские Новости». Гуфта мешавад, мухлис ва 3 нафар дӯстони ӯ назди қаҳвахонаи “Контакт-бар” дар кӯчаи Садовая бо таксирон аз Тоҷикистон ба муноқиша мепардозанд. Муҳоҷир ба ҳамидиёрони худ занг зада, бо гузашти 10 […]

Дар маркази шаҳри Санкт-Петербург дар занозании оммавӣ бо муҳоҷирон шаби 5 ба 6 январ мухлиси 32-солаи даста футболи “Зенит” ҳалок шуд, хабар медиҳад «Невские Новости».

Гуфта мешавад, мухлис ва 3 нафар дӯстони ӯ назди қаҳвахонаи “Контакт-бар” дар кӯчаи Садовая бо таксирон аз Тоҷикистон ба муноқиша мепардозанд. Муҳоҷир ба ҳамидиёрони худ занг зада, бо гузашти 10 дақиқа якчанд нафар ба кумаки ӯ меоянд.

Байни мухлисони “Зенит” ва тоҷикистониён ҷанҷолу занозанӣ ба вуқӯъ пайваста, дар ҷарёани он яке аз мухлисон ба замин меафтад. Табибони ёрии таъҷилии тиббӣ аз марги ӯ хабар медиҳанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби марги марди 32-сола ҷароҳат бардоштани сар ва хунрезӣ ба майнаи сар унвон шудааст.

То замони ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани кормандони мақомоти пулис аксарияти иштирокчиёни занозанӣ пароканда шудаанд. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайи таҳқиқи тамоми ҳолатҳои рух додани ҳодисаи мазкур мебошанд. Иштирокчиёни муноқиша мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.