Коршинос: раҳбарияти кишвар дар таъини кадрҳо ба салоҳиятнокӣ афзалият медиҳад

Ивази раиси вилояти бузургтарини Тоҷикистон – Хатлон, ки санаи 14 январ бо фармони президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, барои аксари коршиносон ва сиёсатшиносон гайримунтазира буд. Барои бисёриҳоро ин далел ногаҳонӣ буд, ки бори нахуст тӯли солҳи соҳибистиқлолӣ зодаи шимоли кишвар роҳбари вилояти ҷануби ҷумҳурӣ таъин шуд. Сарвари давлат раиси вилояти Хатлонро иваз намуда, ба […]

Ивази раиси вилояти бузургтарини Тоҷикистон – Хатлон, ки санаи 14 январ бо фармони президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, барои аксари коршиносон ва сиёсатшиносон гайримунтазира буд. Барои бисёриҳоро ин далел ногаҳонӣ буд, ки бори нахуст тӯли солҳи соҳибистиқлолӣ зодаи шимоли кишвар роҳбари вилояти ҷануби ҷумҳурӣ таъин шуд.

Сарвари давлат раиси вилояти Хатлонро иваз намуда, ба ҷойи ӯ зодаи вилояти Суғд, Қурбон Ҳакимзодаи 53-соларо, ки қаблан ба ҳайси раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ифои вазифа мекард, раиси вилояти Хатлон таъин кард.

Ба ақидаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов, таъини Қурбон Ҳакимзода ба мансаби раиси вилоятиХатлон се сабаб дорад.

Аввал, сиёсатшинос бар ин назар аст, ки собиқ раиси вилоят “бо кори пастифати илмиаш натанҳо худ, балки як зумра беҳтарин менеҷерҳоро дар сохторҳои ҳукумат беобрӯ ва бадном кард”. Ёдрас мекунем, ки пойгоҳи "Диссернет” раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзодаро ба асардуздӣ (плагиат) айбдор кард. "Диссернет” дар рисолаи илмии Давлатшо Гулмаҳмадов  ки 12 декабри соли 2009 дар мавзӯи "Управление земельными ресурсами трудоизбыточного региона в условиях аграрной реформы (на материалах сельского хозяйства Таджикистана)” ҳимоят карда, унвони номзади илмҳои иқтисодиро ба даст овардааст, мавридҳои хеле зиёди бидуни зикри манбаъ рӯбардор кардани рисолаҳои дигаронро ошкор намуд.

Он замон ёвари раиси вилояти Хатлон ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуда буд, ки айбгузориҳои “Диссернет” асоси воқеӣ надоранд.

“Чизе, ки коршиносон навиштаанд, бардурӯғ ва туҳмат аст. Баъди 9 сол шахсро ба асардуздӣ айбдор кардан – кори бадхоҳон аст”, – гуфта буд ӯ. Худи Гулмаҳмадов аз шарҳи маводи нашркардаи “Диссернет” худдорӣ варзид.

Дуюм, ба ақидаи сиёсатшинос, сари раҳбарияти вилоят омадани агроном-геодезисти варзида, ки ҳамаи камбуд ва захираҳои истифоданашудаи дохилиро аз наздик медонад, гувоҳи он аст, ки раҳбарияти ҷумҳурӣ сари аз гардиш берун мондани майдони бузурги заминҳои кишоварзӣ дар вилояти серҳосили кишвар махсус нигарон аст.

“Акнун раҳбарияти нави вилоятро лозим аст, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин даҳҳо ҳазор гектар заминҳои киштро аз нав ба гардиш дарорад”, – қайд кард ӯ.

Сеюм, коршинос мегӯяд, таъини зодаи як вилоят ба мансаби раиси вилояти минтақаи дигар гувоҳи он аст, ки раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон “ба шикастани дидгоҳи маҳалливу музофотӣ дар зеҳни мансабдорони минтақавӣ оғоз намуда, аз риояи адаб ба салоҳиятнокии баланд дар таъини мансабдорони ноҳия ва вилоятҳо мегузарад”.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.