Дар Тоҷикистон тӯли як сол 114 ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд

Давоми соли 2018 аз ҷониби  Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» ба 104 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 10 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ҳамзамон, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои […]

Давоми соли 2018 аз ҷониби  Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» ба 104 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 10 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ҳамзамон, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шӯъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 7 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шудааст.

Зикр мегардад, ки то имрӯз дар Маркази мазкур ба 77 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 27 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 21 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 16 нафар аз Исроил ва боқимонда аз кишварҳои мухталиф  мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тибби хусусии «Ибни Сино» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил», дар маҷмӯъ 1624 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (дар соли 2017-1272), 1434 амалиёти ангиография (дар соли 2017- 1197) ва 418 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (дар соли 2017-311), инчунин дар муассисаҳои тиббии мамлакат давоми давраи ҳисоботӣ ба 194 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ (дар соли 2017-190) гузаронида шуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2011 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ягона дар минтақаи Осиёи Марказӣ – Маркази илмии пайвандсозӣ ва бофтаҳои инсон доир гардид.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.