Палатаи ҷамъиятии Русия барои никоҳи қалбакӣ ҷавобгарии ҷиноиро пешниҳод намуд

Дар Русия ба қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия” ворид намудани ду тағйиротро пешниҳод доранд: ҷорӣ кардани ҷваобгарии ҷиноӣ барои никоҳи қалбакӣ ва қатъи дастрасӣ ба фаъолияти онлайн-сервисҳо, ки дар онҳо метавон шавҳар ё зани қалбакӣ дарёфт намуд, хабар медиҳад ФедералПресс. Вақте ки натиҷаҳои ташхиси ҷамъиятии тағйирот ба қонун “Дар бораи мақоми […]

Дар Русия ба қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия” ворид намудани ду тағйиротро пешниҳод доранд: ҷорӣ кардани ҷваобгарии ҷиноӣ барои никоҳи қалбакӣ ва қатъи дастрасӣ ба фаъолияти онлайн-сервисҳо, ки дар онҳо метавон шавҳар ё зани қалбакӣ дарёфт намуд, хабар медиҳад ФедералПресс.

Вақте ки натиҷаҳои ташхиси ҷамъиятии тағйирот ба қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия” маълум шуданд, Палатаи ҷамъиятӣ тасмим гирифт, ки ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ дар ин самт ҷорӣ шавад.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ иқомат берун аз ҳудуди макони зисти ҳамсарро (зан ё шавҳар), ки дар он ба қайд гирифта шудааст, манъ мекунанд. Лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур бояд аз қироати дуюм гузарад.

Аз як ҷой ба ҷойи дигаре рафтани чунин хориҷиён бо ёрии иҷозаи махсуси муваққатӣ назорат карда мешавад. Дар зерварақаи шарҳ қайд мешавад, ки ин тадбирҳо бояд ҳодисаҳои бастани ақди никоҳҳои қалбакиро аз беху бун решакан кунанд. Палатаи ҷамъиятӣ бар ин назар аст, ки роҳандозии тадбирҳои маҷмӯавӣ зарур аст.

“Барои бастани ақди никоҳи қалбакӣ масъулияти ҷиноӣ ва маъмурӣ ҷорӣ намуда, ҳамчунин дастрасӣ ба сарчашмаҳои интернетии пешниҳоди бастани ақди никоҳи қалбакиро дар шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ қатъ кардан лозим аст”, – пешниҳод мекунанд муаллифони тағйироту иловаҳо.

Бино ба маълумоти Коммерсантъ, 50%-и аллакай мардони тоҷики оиладор ақди никоҳи қалбакӣ мебанданд. Никоҳҳои қалбакӣ ба гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ барои кору зиндагӣ дар Маскав имкони бештар медиҳанд. Барои бастани ақди никоҳи қалбакӣ ё воқеӣ бо зани русиягӣ, муҳоҷирон дар ватан бо ҳамсарони худ гапзанон мекунанд, ки ба талоқ розигӣ диҳаанд ва ваъда медиҳанд, ки баъди чанде онҳоро назди худ меоранд.

Тибқи маълумоти Газета.ру, моҳи марти соли гузашта ВКД эътироф намуд, ки никоҳҳои қалбакӣ дар Русия торафт зиёд – тақрибан 20% аз шумори умумӣ дар САҲШ қайдшуда мешаванд. Навхонадоронро ипотекаи имтиёзнок, навбатпоии камтар ба гирифтани манзил ва дигар фоидаҳо ҷалб мекунанд.

Соли 2016 мақомоти тафтишот муайян карданд, ки ду корманди САҲШ (ЗАГС) 40 ақди никоҳи қалбакии русиягиҳоро бо шаҳрвандони Озарбойҷону Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд. Занон шахсан шартномаҳои ақди никоҳро таҳия намуда, аз номи ҳамсарон имзо мегузоштаанд.

Ҳамон сол собиқ занони корманди САҲШ ва хадамоти муҳоҷирати вилояти Волгоград ба ҳамин тарз ба бастани 15 ақди никоҳи чиниҳо ва ветнамиҳо кумак карда, барои ин хизматашон аз ҳар кадоме 170 ҳазор рубл пул талаб кардаанд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.