Манъи муваққатии ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз рӯзи 20 январ то ҳол ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд муваққатан манъ аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти филиали ширкати IRS.

Гуфта мешавад, роҳ бинобар сабаби барфрезии бошиддат дар масири роҳ, инчунин тармафароӣ дар қитъаҳои роҳ, хосса аз километри 62 то 73  баста шудааст. “Аз дирӯз дар ин қитъа 30 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шуд”, – гуфтанд дар ширкат.

Барфрезӣ дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ идома дошта, эҳтимоли ҳодисаҳои нави тармафароӣ аз эҳтимол дур нест. Дар роҳ техникаи махсус машғули кор аст.

“Қарори манъи муваққатии ҳаракати нақлиёт дар роҳи мазкур аз ҷониби ситоди махсус қабул мешавад, ки ба ҳайати он намояндагони ширкати IRS, Вазорати нақлиёт, ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шомиланд”, – қайд карданд дар хадамоти матбуот.

Ҳоло маълум нест, ки кай ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин қитъаи роҳ иҷоза дода мешавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рўзҳои 21-22 январ дар бисёр минтақаҳои кӯҳӣ бориши зиёди барф дар назар буда,, хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар маълумоти Кумита қайд мешавад, ки то рӯзи 20-уми январ 110 ҳолати лағзиши тарма  ба қайд гирифта шуда, дар ин робита ҳаракати мошинҳоро дар шоҳроҳҳои Душанбе-Айнӣ, Душанбе – Лахш, Душанбе – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб, ағбаи Қизил-Арт ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Дар иртибот ба мушкилоте, ки ҳавои барфӣ ба миён овардааст, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолии мамлакат ва меҳмонони гиромии он ба як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад аз равуои безарурат дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Кумита ба ронандагоне, ки дар ҳамин рӯзҳои вазнину сахт сафар доранд, чанд тавсия додааст, ки ба таъмини амнияту бехатарии ронандагону мусофирон мусоилат менамояд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...