Афзоиши истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли 2018 дар Тоҷикистон беш аз 262 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст, нисбат ба соли 2017 зиёда аз 13 ҳазор тонна зиёдтар аст. Соли 2018 бо қарори ҳукумат меъёрҳои физиологии тавсияшудаи истеъмоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ барои ҳар сари аҳолӣ тасдиқ шуда, меъёри истеъмоли гӯшт 40,8 килоро ба ҳар сари […]

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли 2018 дар Тоҷикистон беш аз 262 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст, нисбат ба соли 2017 зиёда аз 13 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Соли 2018 бо қарори ҳукумат меъёрҳои физиологии тавсияшудаи истеъмоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ барои ҳар сари аҳолӣ тасдиқ шуда, меъёри истеъмоли гӯшт 40,8 килоро ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, тӯли 11 моҳи соли 2018 ба ба Тоҷикистон беш аз 24 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ аз хориҷи кишвар ворид шудааст.

Дар ин давра ҳамчунин саршумори чорвои калони шохдор низ афзуда, ба наздики 2,4 млн. сар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 1,2% зиёдтар мебошад. Саршумори гӯсфанд ва буз низ зиёд шуда, айни замон шумори чорвои хурд дар кишвар ба наздики 6 млн. сар баробар аст.

Бо вуҷуди афзоиши истеҳсоли гӯшт ва зиёд шудани саршумори чорво, нархҳо ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ баланд боқӣ мемонанд. Айни замон нархи як кило гӯшт дар бозорҳои пойтахт ба 40-42 сомонӣ баробар аст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.