Боздошти 3 ҷавон ба гумони даст доштан дар як силсила дуздиҳо

Кормандони Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сокинони пойтахт – Алишер Қосимови 23-сола, Парвиз Раҷабови 21-сола ва Ҳайдаралӣ Сайфуддинови 24-соларо ба гумони даст доштан дар як силсила ҳодисаҳои дуздӣ дастгир намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД Душанбе, онҳо шабона тирезаҳои автомашинаҳои шахсиии сокинони пойтахтро дар назди манзилҳояшон шикаста, аз онҳо телефонҳои мобилӣ, компютеру ноутбук […]

Кормандони Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сокинони пойтахт – Алишер Қосимови 23-сола, Парвиз Раҷабови 21-сола ва Ҳайдаралӣ Сайфуддинови 24-соларо ба гумони даст доштан дар як силсила ҳодисаҳои дуздӣ дастгир намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД Душанбе, онҳо шабона тирезаҳои автомашинаҳои шахсиии сокинони пойтахтро дар назди манзилҳояшон шикаста, аз онҳо телефонҳои мобилӣ, компютеру ноутбук ва пули нақдро медуздидаанд.

Гуфта мешавад, зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шудааст, ки номбурдагон дар содир намудани 35 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи онҳо зиёда аз 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Қайд мешавад, ки беҳудагардии шабона ва машғул шудан ба бозиҳои компютериву вобастагб ба марказҳои букмекерӣ ин ҷавононро ба роҳи хато ва содир намудани ҷиноят бурдааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.