Роҳи Душанбе – Хуҷанд тоза шуда, лекин ҳаракат на барои ҳама иҷоза аст

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд барои ҳаракати нақлиёт боз шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS. Аз нимаи рӯзи 20 январ ҳаракати нақлиёт дар ин роҳи аз лиҳози стратегӣ муҳим муваққатан манъ шуда буд.

Бино ба иттилои манбаъ, роҳ аз тарма тоза шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор карда шуд.

“Кормандони ширкат роҳро аз километри 62 то 73-юм, ки дар ин қитъа беш аз 30 тарма фаромада буд, тоза карданд. Айни замон ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ барқарор шуд”, – иброз доштанд дар ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи дастури якҷояи ВКД ва Вазорати нақлиёт, ҳаракати нақлиёти боркаши ядакдор (притсепдор) ва фураҳо дар шоҳроҳ муваққатан маҳдуд шудааст, то ки ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеъа эҷод нашуда, танбашавии мошинҳо дар роҳ ба вуҷуд наояд.

“Барфрезӣ дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ идома дошта, рух додани ҳодисаҳои нави тармафароӣ аз эҳтимол дур нест. Дар қитъаҳои гуногуни роҳ техникаи махсус машғули кор аст”, – қайд кард манбаъ.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз оғози моҳ то имрӯз 110 ҳолати лағзиши тарма  ба қайд гирифта шуда, дар ин робита ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои кишвар ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...