Роҳи Душанбе – Хуҷанд тоза шуда, лекин ҳаракат на барои ҳама иҷоза аст

Роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд барои ҳаракати нақлиёт боз шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS. Аз нимаи рӯзи 20 январ ҳаракати нақлиёт дар ин роҳи аз лиҳози стратегӣ муҳим муваққатан манъ шуда буд. Бино ба иттилои манбаъ, роҳ аз тарма тоза шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор карда шуд. […]

Роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд барои ҳаракати нақлиёт боз шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS. Аз нимаи рӯзи 20 январ ҳаракати нақлиёт дар ин роҳи аз лиҳози стратегӣ муҳим муваққатан манъ шуда буд.

Бино ба иттилои манбаъ, роҳ аз тарма тоза шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор карда шуд.

“Кормандони ширкат роҳро аз километри 62 то 73-юм, ки дар ин қитъа беш аз 30 тарма фаромада буд, тоза карданд. Айни замон ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ барқарор шуд”, – иброз доштанд дар ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи дастури якҷояи ВКД ва Вазорати нақлиёт, ҳаракати нақлиёти боркаши ядакдор (притсепдор) ва фураҳо дар шоҳроҳ муваққатан маҳдуд шудааст, то ки ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеъа эҷод нашуда, танбашавии мошинҳо дар роҳ ба вуҷуд наояд.

“Барфрезӣ дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ идома дошта, рух додани ҳодисаҳои нави тармафароӣ аз эҳтимол дур нест. Дар қитъаҳои гуногуни роҳ техникаи махсус машғули кор аст”, – қайд кард манбаъ.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз оғози моҳ то имрӯз 110 ҳолати лағзиши тарма  ба қайд гирифта шуда, дар ин робита ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои кишвар ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.