Тағйироти кадрӣ бо натиҷагирӣ аз маҷлиси васеи ҳукумат

Asia-Plus

Бо натиҷагирӣ аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ додан ба камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва фаъолияти ҶСК “Тоҷик Эйр” раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов аз вазифа озод карда шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати молия, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” ва дигар идораҳои давлатӣ таъин шуданд, суҳбат намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба вазифаи ректори муассисаи давлатии таълимии  “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон – муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ва Гулмуродзода Карим Гулмурод ба вазифаи муовинони вазири молия таъин гардиданд.

Сарвари давлат ба мутахассисони ба ин вазифа таъиншуда дастур доданд, ки бо истифода аз сатҳи касбӣ ва таҷрибаи андӯхтаашон ба иҷрои содиқонаи вазифаҳо, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар самтҳои фаъолияти соҳа, талош варзанд.

Ҳамчунин, бо Қарорҳои Ҳукумати мамлакат Икромӣ Сироҷиддин Салом – раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Нуралӣ Марҳабо Мир – муовини якум ва Сафарзода Бахтиёр – муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Исматуллозода Дилшод Абдуғаффор – директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” таъин карда шуданд.

Дар асоси Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кадрҳо ба вазифаҳои сардорони раёсатҳо, аз ҷумла, Қурбонзода Исоҷон Ятим – Сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ аз вазифаи ректори муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод ва ба вазифаи Сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Сунатулло Сироҷиддин – Сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наимӣ Аъламхон Қодириён аз вазифаи мудири бахши Раёсати молия озод ва ба вазифаи Сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид аз вазифаи муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, таъин шуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар аз вазифаи муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав озод гардида, ба вазифаи муовини якуми Раиси вилояти Суғд таъин гардида, Шарипов Бахтиёр Маҳмудович муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои навтаъиншударо барои бо дасту дилу нияти пок баҳри волоияти қонун кор кардан, муносибати ҳамқадами замон аз дидгоҳи нав, мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилона ва боло гузоштани манфиати давлату миллат аз манфиатҳои дигар ҳидоят намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...