Ба ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” роҳбари нав таъин шуд

Дилшод Исматуллозода, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон фаъолият дошт, директори генералии нави ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ Хайрулло Раҳимовро иваз намуд, ки тайи 3 соли охир дар ширкати “Тоҷик Эйр” фаъолият дошта, аз моҳи январи соли 2017 мансаби директори генералии ширкатро ишғол мекард. Бино ба […]

Дилшод Исматуллозода, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон фаъолият дошт, директори генералии нави ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” таъин шуд.

Дар ин вазифа ӯ Хайрулло Раҳимовро иваз намуд, ки тайи 3 соли охир дар ширкати “Тоҷик Эйр” фаъолият дошта, аз моҳи январи соли 2017 мансаби директори генералии ширкатро ишғол мекард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, бо натиҷагирӣ аз маҷлиси васеи ҳукумати Тоҷикистон ва роҳ додан ба камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва фаъолияти ҶСК “Тоҷик Эйр” раиси БДА Тоҷикистон “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов аз вазифа озод карда шуданд.

Бо қарори ҳукумати мамлакат Икромӣ Сироҷиддин Салом – раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таъин шуд.

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Азиз Хайруллоев ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ҳайати кормандони “Тоҷик Эйр” умедворанд, ки ширкат буҳронро паси сар намуда, боз ба яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии пешафтаи ҷумҳурӣ табдил меёбад.

Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – ҶСК “Тоҷик Эйр” соли 1930 таъсис ёфтааст. Имрӯз беш аз 500 нафар мутахассисони соҳаи авиатсия дар ин ширкат машғули коранд. Ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” ба Ҳиндустон (Деҳлӣ), Чин (Урумчӣ), Эрон (Теҳрон), Қазоқистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек), Самарқанд (Ӯзбекистон) ва шаҳрҳои Русия (Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск) мунтазам парвозҳо анҷом медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.